Маълумоти охирин

Маоизм

МАОИЗМ, («Гояхои Мао Цзэ-дун»), чараёни майдабуржуазию миллатчигии хилофи марксизм-ленинизм, ки солхои 30 дар Партияи Коммунистии Хитой пайдо шуда, охири солхои 50 хамчун системаи акидахои мустакили идеологию сиёсии зидди социализми илми ташаккул ёфтааст. Хусусияти Маоизм аз он иборат аст, ки таълимоти зиддисоциалистии «коммунизми казарми» ва гегемонизми бузургдавлатиро бо иборахои калбакии революционию марксисти рупуш мекунад. Асоси таълимоти сиёсии Маоизмро шовинизм ва антисоветизм ташкил медихад. Дар съездхои 9-11 Партияи Коммунистии Хитой «гояхои Мао Цзэ-дун» идеологияи рохбарикунандаи партия ва давлат эълон шуда, дар оинномаи ПКХ ва конститусияи РХХ дарч гардиданд.

Маоизм

Манбаъхои гоявию назариявии Маоизм бо идеологияи миллатчиги дар харакати революционии Хитой алокаманданд, ки оммаи асосии онро табакахои кафомондаи дехконон, синфи коргари висбатаи камшумор ва интеллигенцияи майдабуржуази ташкил медихад. Маоизм бисёр акидахои маъмули афкори сиёси ва фалсафии феодали ва буржуазию миллатчигиро ба худ гирифт. Ба ташаккули Маоизм, инчунин таълимоти прагматизми Д. Дюи ва акидаи анархпетону троцкичиён таъсири зиёд расондаанд. Ин хусусан дар шархи масъалахои амалия, маърифат, хакикат, дар мутлакгардонии макоми зури, дар акидахои «халк хеч аст», каллобии волюйтаристии рохбарони сиёси ифода ёфтааст. Маоизм макоми омили субъективи ва зуриро дар сиёсат мутлак гардонда, хукукхои демократии мехнаткашон, мавкеи эчодии мустакилонаи онхоро аслан сарфи назар менамояд.

Дар дахсолахои охир Маоизм хеле тахаввул карда, аз революционариами чавчиги ба таълимоти аксулинкилобии ошкоро гузашт. Маоизм мавчудияти системеаи социалисти ва муборизаи ду системаи ичтимоию сиёсии мухолиф — социалисти ва капиталистиро инкор мекунад. Таълимоти «се чехов», ки аз тарафи маоистон барои сафедкунии блокировкаи Хитой ба империализм пешниход шудааст, Иттифоки Советиро («чахони якум») ба мамлакатхои мутараккии капиталисти («чахони дуюм», баъзе мамлакатхои социалистии Аврупо низ ба он дохил карда мешаванд) ва мамлакатхои ру ба таракки («чахони сеюм», ки ба он маоистон Хитой аз дигар давлатхои социалистиро дохил мекунанд), мукобил мегузорад.

Дар сохаи сиёсати дохили рохбарони Хитой бо максади то охири асри 20 ба давлати пуриктидори милитаристи табдил додани Хитой накшаи полюнтаристии «чор модернизация»-ро пешниход карданд.

Дар сиёсати байналхалки маоистон ногузирии чанги нави чахониро таргиб намуда, ошкоро ба мукобили паст кардани шиддати вазъияти байналхалки ва ярокпартои мебароянд. Ташкили «фронти васеътарини ягонаи байналхалки» ба мукобили Иттиходи Шуърави ва дигар мамлакатхои социалисти вазифаи асосии стратеги эълон гардида аст. Маоистон ба мукобили харакати байналхалкии коммунисти ва миллию озодихохи фаъолияти вайронкориро вусъат медиханд. Онхо нисбат ба хама мамлакатхои хамсоя даъвои худуди доранд. Соли 1979 бо тачовузи худ ба мукобили Республикаи Социалнстии Ветнам, рохбарони Хитой хусусияти экспансионистии сиёсати худро, ки тахдид ба хамаи давлатхо ва сулхи умуми аст, фош намуданд. Партияхои марксистии ленини ба мукобили идеология ва сиёсати Маоизм муборизаи катъи мебаранд.

Дар охири июни 1981 пленуми 6-уми КМ Партияи Коммунистии Хитой шуда гузашт. Дар «Карор»-и пленум иделогияи маоисти хамчун «назарияи илмие, ки аз санчиши дуру дарози таърих гузаштааст», аз хатохои худи Мао Цзэ-дун чудо карда мешавад; Маоизм ба сифати «ганчинаи маънавии Партияи Коммунистии Хитой», Мао Цзэ-дун бошад, хамчун «марксисти бузург, революционер, стратег ва назариётчии бузурги пролетари»-е каламдод шудааст, ки хизматхояш «аз хатохояш хеле беш» будаанд.

Пекин хозир мачбур аст эътироф кунад, ки дар амалияи сиёсии Партияи Коммунистии Хитой  дар арзи дахсолахои охир «тамоюли субъективи», «качравихо дар бурдани муборизаи синфи», «шитобкори ва пеш давиданхо» дар сохтмони иктисоди, «чунин хатои чиддии кулли ва бардавом, монанди «революциии мадани» чой доштанд. Аммо хамаи ин тавро ба калам дода мешавад, ки Мао Цзэ-дун сафед ва яиноятхои у пардапуш карда шаванд. Бо ин максад дар «Карор»-и мазкур тачрибаи мусбати Партияи Коммунистии Хитой (тартиб додани рохи гевералии давраи гузариш, ба амал баровардани навсозихои социалист, платформаи съезди 8 Партияи Коммунистии Хитой) ва дастурхои антимарксистии Мао ба хам баробар дониста шудаанд.

«Карор»-и пленумии КМ Партияи Коммунистии Хитой далели он аст, ки антисоветизм мисли пештара рохи асосии сиёсати гегсмонистони Пекин мебошад.

Тахлили объективонаи материалами пленуми в КМ ПКХ, инчунин сиёсати дохили ва берунии Пекин хак будани бахохоеро тасдик менамоянд, ки съездхои 24, 25 ва 26 КПСС, форумхои партияхои бародари ба вокеахои дар Хитой ба амал омадаистода дода буданд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …