Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Вилояти Ленинобод

Вилояти Ленинобод

ВИЛОЯТИ ЛЕНИНОБОД ( Вилояти Сугд аз соли 2000 -ум) , вилоятест дар хайати РСС Точикистон 23 декабри 1970 аз нав ташкил шудааст (27 октябри 1939 таъсис ёфта, 28 марти 1962 бархам хурда буд). Дар шимоли кишвар вокеъ аст. Масохаташ 26,1 хазор км. мураббаъ. Ахолии Вилояти ЛЕНИНОБОД 1291,5 хазор нафар (1 январи соли 1982), асосан точикон, инчунин узбекхо, русхо, киргизу тоторхо ва дигарон. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км муррабаъ 49,1 нафар. Вилоят ба 12 район таксим шуда, 9 шахр ва 21 пасёлаки типпи шахри дорад.

ЛЕНИНОБОД ” class=”size-full wp-image-73350″ height=”538″ id=”attachment_73350″ src=”http://kitobam.com/wp-content/uploads/2017/02/sogd-oblast-tajikistan-k.jpg” width=”800″> Вилояти ЛЕНИНОБОД

Шахрхои калон: ЛЕНИНОБОД , Конибодом, Исфара, Уротеппа, Панчакент. Дар давраи совети шахрхои Гафуров, Шуроб, Чкаловск, Кайрокум бунёд гардиданд. Маркази Вилояти ЛЕНИНОБОД шахри ЛЕНИНОБОД .

Чугрофия: Масохати вилояти ЛЕНИНОБОД асосан кухсор аст. Дар Шимоли каторакухи Курама (баландиаш то 3769 м.) ва кухи Мугул (Мевагул, баландиаш то 1624 м), дар чанубии он каторакуххои Туркистон (баландиаш то 5509 м.), Зарафшон (баландиаш то 5489 м), Хисор (нишебихои Шимоли он) вокеанд. Дар байни каторакуххои Курама ва Туркистон кисми гарбии водии Фаргона чойгир аст. Водии Зарафшон каторакуххои Туркистон ва Зарафшонро аз хамдигар чудо мекунад.

Сарватхои зеризамини: ангиштсанг, ангишти бур, нефт, озокерит, маъданхои мису полиметалл, висмут, охан, флюорит, фосфорит, намак, молибден, сурма, симоб, рангхои минерали, масолехи бинокори ва гайра.

Иклими Вилояти ЛЕНИНОБОД : континенти ва хушк буда, вобаста ба баландихо тагйир меёбад. Харорати миёнаи январ дар водихо 0,7—1 С, июл 28е—29 С. Боришоти солона 150—300 мм. Баъзе вактхо гармсел мешавад. Хавои куххо салкин. Харорати миёнаи январ —4° С, июль 26° С. Боришоти солона дар куххо (баландиаш то 1000 м) 400 мм; харорати миёнаи январ дар баландихои 2500—3000 метр -9 С ва июл +13° С, боришоти солона то 800 мм.

Дарёхои калон: Сир (шохобхои он Исфара, Хочабокирхон, Оксу), Зарафшон (шохобхояш Фон, Мастчох, Ягноб, Искандар, Киштут, Могиён). Манбаи онхо: пирях, барфу борон ва оби чашмахо. Калонтарин кулхо: Искандар, Оксукон ва обанборхои Кайроккуму Каттасой. Хоки водихои сохили чапи дарёи Сир хокистари, дар куххо хокистарии тира, кахваранг, чигарранг.

Олами набототаш гуногун аст. Растанихои заминхои бикр хусусияти биёбони доранд (явшон, эфемерхо, дар баъзе чойхо нахутаку хушадорхо, шурахо ва буттахои гуногун), дар сохилхои дарёхо растанихои ботлоки меруянд. Дар кисми шимолии каторакухи Туркистон ва нишебихои Курама арча, заранг, зирк, настаран ва г. вомехуранд. Дар баландии 2500—3000 м (каторакуххои Зарафшон ва Хисор) маргзорхои алпи ва субалпи чойгиранд, ки тобистон хамчун чарогоххо истифода мешаванд.

Аз хайвонот рубох, гург, гуроз, оху, харгуш, хайра, хирс, бабр, сияхгуш; аз паррандахо тазарв, кабк, булбул, кабутар. майна, эзорсурхак, зог, лаклак, мурги хилол, мургоби ва г. вомехуранд. Дерё ва кулхои вилоят аз гулмохи, лаккамохи, загорамохи, ширмохи ва г. бой аст.

Масохати вилоят то галабаи Революсияи Кабири Сотсиалистии Октябр яке аз гушахои кафомондаи Россияи подшохи буд. Солхои Хокимияти Совети дар хочагии халки вилоят дигаргунихои бузург ба амал омаданд.

Харитаи кунунии Вилояти ЛЕНИНОБОД аз Кайхон

Сохахои саноат: мошинсози, коркарди металл, саноати сабук, хуроквори, саноати кухи, масолехи бинокори. Корхонахои калони вилоят: заводхои мошинсози (мошинхои хочагии кишлок ва кисмхои эхтиётии онхо, мошинхо барои саноати бофандаги ва г. дар ЛЕНИНОБОД , Адрасмон, Исфара, Нов), комбинати маъдантозакунии Анзоб, кони ангишти Шуроб, заводхои аппаратурахои пастшиддати электрики (Адрасмон), асбобхои равшанидихандаи техники (Исфара), чубгари, истехсоли конструксияхои охану бетон (Кайроккум, ЛЕНИНОБОД ), масолехи бинокори (Пролетар, Исфара, Пенчакент, ЛЕНИНОБОД ), саноати коркарди металл ( ЛЕНИНОБОД , Конибодом, Чкаловск). Манбаи асосии кувваи электр ГЭС-и «Дустии халкхо» (Кайроккум). Корхонахои саноати сабук: комбинатхои шохибофи ( ЛЕНИНОБОД ) ва Иттиходияи колинбофи (Кайроккум) мебошанд, ки бо ордени Байраки Сурхи Мехнат мукофотонида шудаанд; фабрикахо: трикотаж (Уротеппа), либосдузи, пойафзолдузи ( ЛЕНИНОБОД , Конибодом), корхонахои саноати хуроквори: комбинатхои конссерв, гушту шир, заводхои спирт, вино, равган, корхонахои канноди, Иттиходияи нонпази ва ордкаши мавчуданд. Онхо соли 1981 кариб 40% махсулоти саноати, 30% махсулоти хочагии кищлоки республикаро истехсол карданд (такрибан 100% ангишт, 99,3% колин, 93% шохи, 68% гази табии, 55,6% нефт, 4,3% кувваи электр, 30% пахта, 75% равгани пахта, 86% тамоку, 29% махсулоти гушту шир ва г.).

Махсулоти корхонахои вилоят берун аз худуди республика шухрати калон пайдо кардааст. Аз чумла шаробхои «Гончи», «Исфисор» ва «Уротеппа» дар намоишгоххои чахони— шахрхои Париж ва Белград сохиби дипломхои дарачаи якуму медали тилло гардидаанд.

Кишоварзи ва чорводори: Сохахои мухими хочагии кищлок пахтакори, кирмакдори, богу токдори ва чорводорист. Холо хочагии кишлоки вилоят механиконида шудааст. Соли 1982 вилоят 63 колхозу 60 совхосз дошт. Замини онхо ба воситаи Канали Калони Фаргона, Канали Шимоли Фаргона, Точикистони Совети, Маргедер, стансияи насосии Сомгор, Хочабокирхон, Мирзочул, Дехмой, Каттасой, Ашт обёри мешавад. Майдони умумии заминхо 2517,7 хазор га, аз чумла киштзор 270,3 хазор га (234,6 хазор га заминхои оби), пахтазорхо 90,7 хазор га, богу токзорхо 35,6 хазор га, полизу обчакори 5,4 хазор га; чарогоххо 677,6 хазор га.

Вилоят 1 январи соли 1982 –юм 133 364 cap гов, 510 233 сар бузу гусфанд. 25 897 cap хук, 4 097 сар асп дошт. Кирмакдори аз сохахои кадимтарин буда, дар солхои Хокимияти Совети хеле инкишоф ёфт. Вилоят ба давлат соли 1980 263 313 т. пахта фурухт.

Тули рохи охан 173,2 км, роххои мошингард 3,6 хазор км. Хати рохи охани Тошкент — Намангон, Москва — Андичон, Фрунзе — Чалолобод ва роххои мошингарди ЛЕНИНОБОД — Душанбе, Тошкент — Куканд аз масохат. вилоят мегузаранд. Роххои хавои вилоятро бо шахрхои Душанбе, Москва, Тошкент, Самарканд ва дигар шахру районхои республикахои иттифоки пайвастаанд.

Маориф ва фарханг: Соли тахсили 1981-19882 дар вилоят 813 мактаби маълумоти умуми, 12 мактаби миёнаи махсус (359 400 нафар хонанда) мавчуд буданд. Дар ин чо Институти педагогии ба номи С. М. Киров, Институти богу токдории ба номи И. В. Мичурин, Институти такмили ихтисоси муаллимон, шуъбаи ИН Точикистон амал мекунанд. 1 январи 1982 дар вилоят 246 муассисаи томактаби, 493 китобхонаи оммави, 6 музей, 5 театри касби (Театри мазхакаи мусикии ба номи А. С. Пушкин ш. ЛЕНИНОБОД , театри драма ва мазхакаи русии Чкаловск, театри драмаи мусикии Конибодом, театри драмаи мусикии байнирайонии Нов ва театри республикавии лухтак дар Чкаловск) ва 12 театри халки, 369 клуб, 15 мехмонхона, 365 дастгохи филмнишондихи, 27 каср ва хонахои пионери, 4 стансияи техникахои чавон, 17 мактаби спортии чавонон ва мактаби спортии бачагона, боги ботаникии АФ РСС Точикистон мавчуд буд. Дар вилоят 162 муассисаи табобати, 35 поликлиника, 386 маркази бехдошт, 10 таваллудхонаи колхози, 114 дорухона, 12 санатория мавчуданд, ки дар онхо 2496 нафар духтур (1 духтур ба 518 нафар ахоли) ва 7908 нафар коркуни миёнаи тибби кор мекунанд. Вилоят маркази радиошунавони дорад. 522 ёдгории таърихи, меъмори, шухрати револютсионию чанги ва мехнатии вилоят аз тарафи давлат мухофизат карда мешавад.

Газетахои вилоятии «Хакикати ЛЕНИНОБОД » ва «Ленинабадская правда» нашр мешуданд.

Дар вилоят бисёр колхозхое хастанд, ки дар тамоми мамлакат машхур гардидаанд ва натичахои мехнати онхо бо мукофотхои давлати такдир шудаанд. Масалан, колхози ба номи В.И. Ленини pайони Пролетар бо ордени Ленин, колхози «Коммунизм»-и райони Конибодом бо ордени Байраки Сурхи Мехнат, колхози ба номи М. В. Фрунзе и райони Хучанд бо ордени «Нишони Фахри» сарфароз гардидаанд.

Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1950). Хамаи ин комёбихои беназири вилоят ба шарофати рохбарии хирадмандонаи Партияи Коммуннсти ба даст омадаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …