Маълумоти охирин

Мактаб

МАКТАБ – калимаи араби буда маънои дабистон, таълимгох мебошад. Мактаб муассисаи таълиму тарбия, ки дар он омузгор ба насли наврас таълим ва тарбия медихад. Мактаб чунин намудхо дорад:

ибтидои, миёнаи нопурра, миёнаи маълумоти умуми: Мактабхои касби, Мактабхои махсус- Мактабхои оли; Мактабхои дуньяви, Мактабхои дини (конфессионали); Мактабхои пансиони; Мактабхои омехта (барои писарон ва духтарон), Мактабхои занона, мардона ва г.

Мактаб дар Точикистон

Мактабхо дар ихтиёри давлат ва муниципалитстхо мешаванд. Мактабхои хусуси низ хастанд. Дар чахон чунин хели Мактабхо вучуд дорад: Мактаби миёнаи маълумоти умуми, ки он хонандагони синфхои ибтидои (1—3), мобайни (4—8) ва болоиро (9—11) дар бар мегирад; Мактабхои миёнаи коргарчавонон ва чавонони кишлок: Мактаб — интернатхо; Мактабхои миёнаи махсус; Мактабхое, ки рузи кори бардавом доранд; техникуму омузишгоххои касбхои техники; Мактабхои оли ва г. Дар ин Мактабхо писару духтарон баробархукук буда, ба забони модарии худ маълумот мегиранд.

Мазмуни кори таълимии Мактаб дар хуччатхои дидактики — плани таълими, барнома, китобхои дарси ва г. ифода мегардад. Дар Мактабхо шакли асосии таълим дарс аст. Мактабхои нахустин дар мамлакатхои Шарки Кадим (Хитой, Бобул, Миср ва г.) ба вучуд омадаанд; кохинону рухониёни ин мамлакатхо дар маъбадхо Мактабхо доштанд.

Дар Аврупо Мактабхои аввалин дар Юнони Кадим такрибан дар асри 6 то мелод, дар Рими Кадим дар асри 4 то мелод пайдо шудаанд. Дар Мактабхои Аврупо то асри 19 таъсири дини католики пурзур буд. Синфхои хукмрон хамеша мекушиданд, ки Мактаб комилан дар зери таъсири онхо бошад ва манфиатхои синфии онхоро ифода ва химоя намояд.

Чунон ки сайёхи хитои Сюан Цзян соли 630 навиштааст, дар Самарканд бачахо аз 5-солаги хондан, навиштан ва хисобро машк мекардавд. Ба онхо дабирон (мирзоён) рохбари менамуданд. Халифахои араб барои нуфузи дини ислом Мактабу мадрасахо кушоданро мефармуданд. Имомхо водор буданд, ки дар хузури масчид Мактаб хам кушоянд. Дар ин Мактабхо саводбарори аз омухтани харфу навиштани калима cap мешуд. Максади Мактаб ёд доданаи Куръон буд.

Дар солхои охири асри 19 шахсони алохида Мактабхои хусуси кушода, худашон дарс мегуфтанд. Онхоро мактабдор меномиданд. Баъзе аз мактабдорон ба хусни хат ва хисобдории шогирдон эътибор медоданд. Зани мактабдор низ дар хонаи худ Мактаб кушода, ба духтарон таълим медод. Онхоро бибиотун ё бибихалифа меномиданд. Дар ин Мактабхо бо усули кухнаи асримиёнаги таълим дода мешуд (ниг., Мактаби кухна). Шароити илмгири, усули таълими ин Мактабхо нихоят содда буд. Хичо-Хичо хондан саводбарориро басо душвор мекард: бачахо дар зарфи 8—9 сол базур хондану навиштанро ёд мегирифтанд.

Донишгохи Кембрич дар Англия

Дар баробари Мактабхои онвактаи Осиёи Миёна Мадраса ва корихонахо низ буданд. Баробари тараккиёти капитализм ва пайдо шудани буржуазияи махалли дар рохи ислохоти Мактабхои кухна харакат cap шуд. Дар натича Мактабхои усули савтия ба миён омадаад. Дар ин Мактабхо ба таълими илмхои дуняви низ ахамият дода мешуд (ниг. Мактаби усули чадид).

Барои фарзандони руссон маскуни Туркистон соли 1876 гимназия, Мактабхои реали, Мактабхои ибтидои, семинарияхои муаллимон ва г. кушода шуданд. Дар баъзе Мактабхои руси фарзандони мардуми махалли хам мехонданд. Охири асри 19 барои бачахои махаллии мактабхои русии махалли кушода шуданд. Харчанд ки ин Мактабхо ба сиёсати мустамликадории хукумати подшохии рус хизмат мекарданд, дар кори таълими онвакта мавкеи пешкадам доштанд.

Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь кори Мактабро тамоман тагйир дод. дар Иттифоки Совети Мактаб аз дин чудо (аз 20. 1. 1918) буда, дар рохи тарбияи бинокорони бошуури чамъияти коммунисти хизмат мекунад. Мактабхои совети дар инкишофи хаматарафаи насли наврас, ташаккули маънавии онхо роли мухим мебозанд, хонандагонро бо асосхои илм ва донишхои политехники мусаллах мегардонанд, ба инкишофи чисмони, тарбияи ахлоки ва эстетики чавонон мусоидат менамоянд, онхоро ба мехвнт ва хаёти ичтимои омода мекунанд.

Иттифоки Совети аз соли 1966 ба чори намудани маълумоти умумии миёна шуруъ намуд. «Ягонагии низоми маорифи халк ва пайдархамии хамаи хелхои Мактабхо барои гузаштан аз зинахои поёнии таълим ба зинахои баландтари он имконият медихад» («Асосхои конуни СССР ва чумхурихои иттифоки дар бораи маорифи 19 июни 1973). Дар мамлакатхои капиталисти ин гуна низом вучуд надорад. Масалан дар Англия се намуди Мактаби миёна хаст: хозиразамон (10-сола), грамматики (13-сола), техники (5—7-сола).  Дар онхо, чун дар дигар мамлакатхои капиталисти, бачахо тавассути санчиш («тестхои истеъдоди») ба гуруххо чудо карда мешаванд. Аз ин Мактабхо факат Мактаби грамматики барои мактабхои оли хонанда тайёр макунанд. Хатмкунандагони дигар Мактабхо ба Мактабхои оли дохил шуда наметавонанд. Дар давлатхои собик шурави мактабхо дар ихтиёри давлат буда, барои маълумотгирии бачахо тамоми имкониятхо мавчуданд.

Мактабхои кадимаи мусалмони Холо дарТочикистон зиёда аз 3500 Мактаби маълумоти умуми (бештар аз 1,5 млн хонанда), 42 Мактаби миёнаи махсус (75 хазор хонанда), 23 Мактаби оли (150 хазор студент-донишчу), 99 омузишгохи касбхои техники мавчуд аст, ки хаммаи онхоро Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон зери рохбарии худ карор медихад. Дар чахони имруза аз хама мактабхои бехтарин дар Англия ва ИМА вокеъ буда аз чумлаи онхо Донишгохи Кембрич ва Донишгохи Гарвард мебошад. Муфассалтар дар бораи мактабхои бехтарини чахон дар сомонаи www.timeshighereducation.com дарёфт карда метонед.

Маорифи халк. Мактаби ибтидои, Мактаби Хаштсола, Мактаби миёнаи маълумоти умуми, Омузишгохи касбхои техники, Мактабхои махсус.

2) Чараён ва равияи сиёси-ичтимои, илми, санъат, адабиёт ва г. Масалан, санъати тасвирии асри 15-ро «Мактаби минётури Самарканд», чараёни адабии асри 15-ро «Мактаби адабии Чоми» ном мебаранд.

Ад.: Ленин В. И., Ас,, ч 31; Крупская Н. К., Избр., пед. произведении, М., 1968; Грамоницкий С. М., Очерка развития народного образования в Туркестанском крае, Ташкент, 1800: Айни С., Материалхои таърихи доир ба инкилоби Бухоро, М., 1024; Бендриков К. Е., Очерки по истории народного образования в Туркестане (1805—1024 гг.), М., 1060; Пулодов Т., Гузашта ва ояндаи маорифи халк дар Точикистон. Сталинобод, I960; Арипов (Орифи) М., Из истории педагогической мысли таджикского народа (ч. 1), Д., 1002; Обидов И., Очерки мухтасари таърихи маорифи халки Точикистон, Д., 1005.

Рахимов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …