Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Либерия

Либерия

ЛИБЕРИЯ (Liberia) – Республикаи Либерия (Republic of Liberia), давлатест дар Африкаи Гарби. Дар Шимоли Гарби бо Серра-Леоне, дар Шимол ва Шимолу Шарки бо Республикаи Гвинея, дар Шарк бо республикаи Сохили Оч хамсархад аст. Онро дар Гарб ва Чануби укёнуси Атлантик ихота кардааст. Масохаташ 111,4 хазор километри мураббаъ. Ахолиаш 4,7 млн. нафар (2017с.). Пойтахташ шахри Монровия (1,1 млн. нафар дар соли 2017). Аз чихати маъмури ба 15 граф  такcим шудааст.

Либерия

Конститутсияи чориаш соли 1847 (1955 баъзе ислоххот дароварда шуд) кабул шудааст. Сардори давлат президент, ки уро ахоли ба мухлати 8 сол интихоб мекунад. Органи хокимияти конунбарор — парламент. Хукумати Либияро кабинети вазирон ташкил медихад. Системаи суди: Суди Оли, округи ва судхои мунитсипали, судхои махсус ва гайра.

Табиат. Сохили Либия асосан хамвор аст. Дар хамвории пастии назди сохил 40-50 ботлокзорхо вомехуранд. Хамвори дар дарунтари мамлакат торафт баланд шуда, пас ба баландии Леоно-Либерия (каблан Нимба, 1752 метр) табдил меёбад. Дар Либерия конхои охан, алмос, тилло мавчуданд. Иклимаш гарми сернам. Харорати миёнаи мохона аз +27 С паст намефарояд. Боришоти солона дар нохияхои дохили мамлакат 1500—2000 мм, сохили укёнуси Атлантик то 5000 мм.

Дарёхои асоси: Мано. Лоффа, Сент-Пол (Дианн), Сент-Чон, Сесс, Кавалли. Кариб 1/з масохат. Либияро бешаи анбухи хамешасабзи экватори (дарахтони сурх, палисандр, каучук ва г.) пушондаанд. Дарахтони кахва, нахл пахн шудаанд. Дар саваннахо алафхои баланд, баъзе намуди акокиёю баобаб, дар сохилхо растанихои мангрови меруянд. Хокаш зарди сурхчатоби латерити. Дар саваннахо шохбарзагов, Паланг, оху, гуроз дучор меоянд. Дар бешахо маймун, мор, паррандаю хашаротхо бисьёранд.

Ахолй. Гурухи асосии ахолиро (кариб 47%) халкхои ба хамдагар наздики мандезабонхо (кпелле, лома, мано, малинке ва дигар) ташкил медиханд. Халкхои гурухи гвинеяги (кру, гребо, кран ва дигар кариб 43% ахоли) дар кисми чануби Либия ва нохияхои назди сохил зиндаги мекунанд. Халкхои кисми шимолу гарбии мамлакат ба забонхои атлантики ё гурухи бантузабон (гола, киси; кариб 9% ахоли) гап мезананд. Ачдодони зангиёни озодшудаи Америка— асосгузорони республика дар Либия имтиёзхои махсус доранд. Забони давлати — англиси аст. Нисфи зиёди ахоли пайрави мазхабхои анъанавии махалли буда, бокимонда мусулмон ва насронианд. Шахрхои калони Либерия: Монровия, Маршалл, Бьюкенен, Харпер ва Гбанга мебошанд.

Мардуми Либерия

Очерки таърихи. Таърихи кадимаи халкхои Либерия пурра омухта нашудааст. Европоиён (португалихо, голландихо, англисхо, франсавиён) ба Либерияи хозира дар нимаи 2-юми асри 15 омаданд. Соли 1821 як гурух зангиёни ИМА бо кумаки чамъияти мустамликавии Америка, ки барои аз мамлакат дур кардани гулом они озодшуда кушиш мекарданд, аз пешвоёни кабилахои махалли чазираи Провиденс ва минтакаи материки назди онро хариданд. Дар хамин чо дехае бо номи Монровия бунёд гардид ва тамоми мулк Либерия (аз калимаи лотинии liber — озод) номида шуд. Солхои 1834—36 махалхои навахолинишини Мэриленд, Басса-Ков, Гринвилл ба вучуд омаданд (1 апрели 1839).

Парчами Либерия Иттиходи махалхои ахолинишини Либерия ташкил ёфт, ки он дар асосхои федератсия тамоми махалхои ахолинишинро (гайр аз Мэриленд, вай ба Республикаи Либия соли 1857 хамрох шуд) муттахид гардонд. 26 июли 1847 Республикаи Либия эълон карда шуд. Либияро соли 1848 Британияи Кабир, соли 1852 Франсия, соли 1862 ШМА ба расмият шинохтанд. Мухочирони америкоию либерияги дар идорахои давлати ва иктисодиёти мамлакат мавкеи асосиро ишгол карданд. Онхо соли 1869 Партияи вигхои асилро ташкил карданд, ки аз 1878 ба сари хокимият омад.

Британияи Кабир ва Франсия дар нимаи 2-юми асри 19 барои забти Либия кушиданд. Онхо танхо соли  1911 сархадхои Либияро пурра эътироф намуданд. Аввали соли 1918 Либерия расман ба Чаини якуми чахони (1914—1918) дохил шуд. Баъди чанг ба Либия капитали Америка ворид гашт. Солхои Чанги дуюми чахони (1939— 1945) ШМА масохати Либияро барои ба Шарки Наздик ва Шарки Дур бурдани кушун ва техникаи харбии худ истифода карданд. 3 январи 1944 У. Ш. Табмен (яке аз пешвоёни Партияи вигхои асил) президент шуд (то охири умраш — июли 1971 дар хамин вазифа буд). Вай сиёсати муттахидшавиро, ки ба бархам додани нобаробарии байни халкхои мукими ва ачдодони мухочирони америкои равона шуда буд, эълон кард. Соли 1945 бо максади дар амал чори намудани принсипхои «сиёсати муттахидшави» ба мардони сокинони мукими хукуки интихоботи дода шуд.

ЛИБЕРИЯ ДАР ХАРИТАИ ГУГЛ

Баъди чанг ташаккули буржуазияи милли ва синфи коргар суръат гирифт. Либия соли 1959 бо ШМА шартномаи харби баст. Либия рохи бетарафи ва хамрохнашавиро пеш гирифта, тарафдори ярокпартоии умуми ва пойдоршавии сулх аст. Декабри 1972 Либия бо Иттиходи шурави алокаи дипломати мукаррар намуд.

Партияи сиёси ва иттифокхои касаба. Партияи вигхои асил, партияи ягона ва хукумрон, соли 1869 ташкил шудааст. Конгресси иттифокхои касабаи истехсоли, таъсисаш соли 1900. Конгресси муттахидаи коргарон; Конгресси мехнати Либерия.

Иктисодиёт. Либерия мамлакати аз чихати иктисоди суст таракки карда буда, дар хочагиаш капитали хоричи хукмрон аст. Сохахои асосии хочаги — истехсоли каучуки табии ва истихрочи маъдани охан. Либерия аз чихати содироти маъдани охан дар чахони капиталисти чои 4-умро ишгол мекард. Ба ахолии махалли заминдории обшинаги хос аст. Либерия худашро бо озука таъмин карда наметавонад. Заминхои бехтарин дар дасти ширкатхои хоричианд. Либерия асосан гевея содирот мекунад. Киштзорхои калон дар ихтиёри ширкати америкоии «Файрстон плантейшенс лимитед» мебошад. Парвариши нахли равгандор, какао ва кахва ахамияти калон дорад. Инчунин найшакар ва нахли норчилро парвариш мекунанд. Чорводори асосан дар Шимолу Шаркии таракки кардааст. Мохидори ва чубтаёркуни пеш меравад.

Сурати Монровия (Пойтахти Либерия)

Саноати маъдани кухи таракки кардааст. Маъдани охан, алмос, тилло истихроч мекунанд. Дар Либерия заводхои нефт, семент, тахтабури ва гайра мавчуданд. Соли 2010 –ум 1410 млн. квт/с. кувваи электр истехсол карда шуд. Хунархои ресандагию бофандаги, бурёбофи, сабатбофи ва гайра таракки кардаанд. Наклиёти асоси — автомобили, тули роххои мошингард 10751 км. (2017сол), тули рохи охан 490 км (2010сол). Бандархои калон: Монровия, Бьюкенен, Маршалл, Харпер, Робертсфилд ва Сприггс Пин аэродромхои байналхалки доранд. Либия ба мамлакатхои хоричи маъдани охан, каучук, алмос, кахва, какао, чубу тахта мебарорад. Аз хорича молхои саноати, озукавори мехарад.

Либерия асосан бо ИМА, Олмон, Нидерланд, Италия, Япония, Британияи Кабир, Швеция савдо мекунад. ММД (Мачмуи махсулоти дохили) соли 2016-ум баробари 3,9 миллиард доллари ИМА ташкил кард, ки сари кас баробари такрибан 880 доллари ИМА шуд ва ин нишондиханда дар байни 230 давлати дунё чойи 226-умро ишгол мекунад, ки сабаби асосиаш ин таъсири манфии чанги дохилии солхои охир руйдода мебошад. Вохиди пул— доллари Либерия  мебошад ки рамзи чахониаш «LRD»  мебошад ва курбаш соли 2017 чунин буд: 1 доллари Либерия = 0,01 доллари ИМА.

Нигахдории тандурусти . Соли 2010 ба 1 хазор ахоли 50,2 таваллуд, 21.0 фавт ва ба 1 хазор кудаки навзод 136,2 фавт рост омад. Сабаби асосии марг беморихои сирояти ва паразитианд. Соли 2010 Либерия 75 беморхонаи дорои 4,3 хазор кат буд, ки аз он 34-тоаш беморхонаи давлатианд. Соли 2010 дар Либерия 351 духтур, 34 духтури дандон, 10,5 хазор хамшираи тибби кор мекард. 5 коллечи стомотологи, мактабхои тибби кадрхои тибби тайёр мекунанд.

Маориф. Таълим аз соли 1919 хатмист. Аммо соли 2015 зиёда аз 50% бачагон имконияти ба мактаб дохил шуданро надоштанд. Таълими миёна ва касбхои техники пули аст. Мактаби миёна 6-солаи дузанаги, хар кадоме 3-соли. Кариб 30% мактабхои ибтидои ва зиёда аз 50% мактабхои миёна тобеи ташкилотхои калисои Америкаанд. Маълумоти касбхои техники ва педагоги дар асоси зинаи якуми мактаби миёна дода мешавад. Соли тахсили 2015 дар мактабхои ибтидои 250.2 хазор хонанда, мактабхои миёна 25,5 хазор, мактабхои касбхои техники 0,4 хазор хонанда тахсил мекард.

ВИДЕО ДАР БОРАИ ЛИБЕРИЯ

Калонтарин мактаби оли— Университети Либерия (дар Монровия, таъсисаш 1951, соли тахсили 2010 дар он 2,6 хазор студент тахсил мекард). Дар Либерия китобхонаи оммавии давлати (таъсисаш 1959), Китобхонаи Университетети давлати, Музеи Африка (таъсисаш 1960) ва Музеи маданияти Африкаи Маркази дар Робертсфилд (таъсисаш 1964) мавчуданд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …