Маълумоти охирин

Либос

ЛИБОС, номи умумии чизхое, ки инсон мепушад. Либосро ба забони русси «Одежда» ва ба забони англиси «clothes» мегуянд. Ба мафхуми Либос каллапуш, пойафзол, дастпушак ва гайра дохил мешавад. Асбоби зинат ба Либос танхо чизи иловагист. Либос баробари икоматгох хамчун яке аз василахои мухофизат аз таъсири гуногуни беруна пайдо шуд.

ЛибосБаъзе олимони буржуази хамин сабаби пайдоиши Либосро эътироф намоянд хам, аксари онхо ба пайдоиши Либос назари идеалистона карда, хисси шарм, талаботи эстетики (гуё Либос аз чизхои ороишу зинат пайдо шуда бошад), тасаввуроти дини, чодугари ва гайрараро сабабхои асосии либоспуши мепиндоранд.

Либос яке аз ихтирооти кадимтарини инсон аст. Дар байни ёдгорихои палеолити даврахои охир тарошкордхои санги ва сузанхои устухони ёфт шудаанд, ки бо онхо пуст метарошиданд ва Либос медухтанд. Баробари пуст барг, алаф, пустлохи дарахт низ хамчун Либос истифода мешуданд. Шикорчиён ва мохигирон барои Либос пусти мохи, рудаи хайвоноти бахри, пару пусти паррандагонро низ истифода мебурданд. Инсон дар давраи неолит санъати ресидан ва бофтанро ёд гирифта, барои тайёр намудани Либос нахи растанихои худруйро ба кор мебурд.

Либоси АфрикансхоДавраи гузариш ба чорводори ва дехкони ба инсон имконият дод, ки аз пашми чорвои хонаги ва нахи зироат (зашр, канаб, пахта) матоъ тайёр кунад. Инсон то ихтирои Либос баданро бо пуст ва миёну ронро бо чизхои дигар мепушид. Сонитар хелхои бисёри Либос: куртахои дарозу кутохи чакман, яктах, пешдоман, лунги, пойчома пайдо шуданд. Кафши чубин ё хасин, инчунин порчаи пусти чорво, ки ба пой мепечонданд пойафзоли оддитарин ва кадимтарин буд. Каллапуш ба чуз вазифаи асосиаш аз замонхои кадим нишони рамзи низ буда, мансубияти ичтимоии одамон (каллапуши дохиён, кохинон, каландарон) ва г.-ро нишон медод. Либосpo одатан мутобикан ба мухити географи тайёр мекунанд ва материалаш низ вобаста ба иклими минтакахои гуногун интихоб мешавад. Либоси кадимтарини халкхои минтакаи тропикии чангал (Африка, Америкаи Чануби ва гайра) руйпуши миёну рон, пешдоман, китфпушак буд. Дар вилоятхои хунуки муътадил ва нохияхои арктики Либос тамоми баданро мепушад.

Либосхои минтакахои хунук ба Либосхои шимоли иклимаш муътадил ва шимоли дурдаст таксим мешавад, ки дуюмиро факат аз муина медузанд. Барои халкхои Сибир ду хели Либоси муина — барои минтакаи наздишимоли нобурида, яъне бутун, ки аз cap мепушанд (эскимосхо, чукчихо, ненецхо ва г.), барои минтакахои чанубтар — бурида мешкушод (эвенкхо, ёкутхо ва г), хос аст. Дар байни хиндиёни минтакаи чангалзори Америкаи Шимоли Либоси чармини махсус пахн шудааст: занон куртаи дароз, мардон курта ва эзори дароз мепушанд. Намудхои Либос ба фаъолияти мехнатии инсои вобаста аст. Дар замони кадим занону мардони чорводорхои бодиянишин Либоси махсус барои саворагарди мувофик — эзори васеъ ва нома мепушиданд. Минбаъд дар протсесси инкишофи чамъият таъсири тафовути мавкеи чамъияти ва оилави ба Либос меафзояд.

Либоси мардуми кишвари сард- хунукДар байни Либоси мардону занон, духтарону занон фарк пайдо мешавад, Либосхои рузмарра, идона, туёна, мотами ва гайра ба миён меояд. Мувофики таксимоти мехнат шаклхои гуногуни Либосхoи косиби пайдо шуд. Либос аввалхо махсусияти этники (авлоди, кабилави) ва минбаъд умумимиллии халкхоро инъикос мекард. Навъхои нохияавии Либос низ вучуд доштанд. Дар Либос одатан нобаробарихои ичтимоию иктисодии синфхои гуногун зохир мегардад. Масалан, материал, ороиш, духти Либоси бойхо, дехконон, рухониён аз якдигар фарки калон доштанд. Либос завки эстетикии ахли чамъиятро низ инъикос мекунад. Хусусияти бадеии Либос хамчун намуди санъати ороишу амали ва махсули амали бадеи аз он иборат аст, ки объекти эчодиёти худи инсон аст. Либос бо одам вобастагии том дорад. Дар духтан ва интихоби Либос ба таносуби аъзои бадан, синну соли одам, инчунин унсурхои чузъии авохирии у (кад, ранги му, чашм ва г.) эътибор дода мешавад.

 

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …