Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Маданияти замонбобо

Маданияти замонбобо

МАДАНИЯТИ ЗАМОНБОБО – маданияти давраи биринч, ки ба нимаи якуми хазораи 2 то мелод мансуб аст. Аз номи ёдгории дар наздикии кули Замонбобо вокеъгашта гирифта шудааст. Ёдгорихои Маданияти Замонбобо аз бошишгох ва кабристон иборат буда, аз маркази нохияи Карокули вилояти Бухоро 15 километр дар самти шимолу гарби вокеъ гардидааст. Маданияти Замонбобо осори махаллии кадимтарини кабилахои зироаткору чорводор ба шумор меравад.

Кадима кофтукоби хонахо

Аз махалли Замонбобо як таххонаи сатхаш 170 метри мураббаъ, ду коза (чайла), дош (хумдони кулоли) ва дигар чизхо ёфт шуд. Барои аз обхезихо мухофизат кардани махал самти чапи шаркии он бо девори хеле баланд ихота шудааст. Хангоми хафриёт аз таххона ва дигар худуди махал осори оташдони вайрона чукурчахое, ки сутунхо гузошта мешуданд, устухони гусфанд, буз ва хайвонхои вахши, донахои сиёхи гандуму чав, бокимондаи наю хошок, шикастапорахои дастос, порахои дос аз санги чакмок хар гуна минчокхо аз сангхои киматбахо ва гайра ёфт шуд.

Бозёфтхо шаходат медиханд, ки сокинони ин махал бо дехкони ва чорводори машгул буданд. Академики АФ Узбекистон М. Г. Гуломов солхои 1950—51 ва 1953—54, археолог А. А. Аскаров солхои 1961— 64 дар кабристони Замонбобо хафриёт гузарониданд. Бокимондаи 43 кабр омухта шуд. Кабрхо лахаддор буда, майитхоро тавре гуронидаанд, ки мисли тифли дар шиками модар буда, пою дастонашонро дархам кашида, ба пахлуи рост ё чап хобидаанд. Майитхо танхо, дунафари ва баъзан сенафари (мард, зан ва кудак) гуронида шудаанд. Дар як кабр дубора гуронидани онхо низ мушохида гардид. Дар кабрхо аслихаи гуногун ва либосхои мархум хам гузошта шудаанд. Аз кабри мардон бештар пайкон, олоти кордмонанд ва гайра аз кабрхои занон минчокхои гуногун аз сангхои киматбахо, марчони тилло, оина ва дигар чизхо, инчунин зарфхои гуногуни сафолии бенакшу нигор, аз як кабр хайкалчаи сафолии олиха ёфт шуд. Ба ин хайкалчаи олиха шояд хамчун рамзи фаровонхосили эътикод дошта бошанд.

Аз кабристон ёфт шудани минчокхои аз лаъли Бадахшон сохташуда, зарфхои сафолии кабилахои дехкони Туркманистони Чануби ва чизхои дигар далели он аст, ки кабилахои Маданияти Замонбобо бо кабилахои хамсоя робитахои иктисоди ва мадани доштаанд. Маданияти Замонбобо мероси модди ва мадании як авлод ба хисоб меравад.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …