Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУАБДУЛЛОҲИ ЗӮЗАНӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ ЗӮЗАНӢ

АБУАБДУЛЛОҲИ ЗӮЗАНӢ Ҳу­сайн ибни Аҳмад (соли таваллуд номаълум – вафот 1093), луғатнависи форс-тоҷик. Ба забони арабӣ аз айёми хурдсолӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт. Аз ин чост, ки дар баробари забони форсӣ ба забони арабӣ ҳам эҷод мекард. Ба муаллақот бо номи «Муаллақоти сабъа» шарҳ навиштааст. Китобҳои «ал-Луғат-ул- форсия» ва «ал-Масодир» (луғати дузабонаи арабӣ ба форсӣ) аз таълифоти ӯянд.

Адабиёт: Заҳрои Хонларӣ, Роҳнамои адабиёти форсӣ, Тошкент, 1340 ҳиҷрии шамсӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …