Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЦЕТКИН Клара

ЦЕТКИН Клара

zetkin

ЦЕТКИН (Zetkin) Клара (5. 7. 1857, Видерау, Саксония —20.           6. 1933, Архангельское, наздики Москва), ходими ҳаракати коргарии Германия ва байналхалқӣ, яке аз асосгузорони Партияи Коммунистии Германия (ПКГ). Аз оилаи муаллим. Солҳои 1881—1918 аъзои Партияи с. д.-и Германия. Цеткин с. 1889 дар тайёр кардан ва гузаронидани конгресси муассисони Интернационали 2юм дар Париж фаъолона иштирок намуд. Ташаббускори даъват намудани Конференцияи 1-уми байналхалқии занон (1907) ва Конференцияи байналхалқии занони социалист ба муқобили ҷанг (1915). Конгресси байналхалқии занон (Копенгаген, 1910) бо таклифи Цеткин дар бораи ҷашн гирифтани Рўзи байналхалқии занон 8-уми март қарор қабул кард. Яке аз муассисони «Иттифоқи Спартак», аъзои КМ ПКГ аз с. 1919. Дар Интернационали Коммунистӣ роҳбари котиботи байналхалқии занон, Ташкилоти байналхалқии ёрӣ ба муборизони революция (МОПР) буд. Аз с. 1920 депутати рейхстаг. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст. Дар Майдони сурх, назди девори Кремли Москва маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …