Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Зденек Неедли

Зденек Неедли

Неедли (Nejedly) Зденек (10. 2. 1878, Литомишл — 9. 3. 1962, Пра­га), олим ва ҳодими ҷамъиятӣ, мусиқишинос, муаррих ва мунаққиди адабии чех; аъзои АФ ва Академияи санъати Чехия (1907), асосгузор ва президенти АФ Чехословакия (аз 1952). Аъзои ПК Чехословакия аз соли 1929. Факултети фалсафаи университети Карловро дар Прага хатм кард. Аз соли 1900—доктори фалсафа. Солҳои 1909 — 39 ва 1945—62 профессори Университети Карлов, 1939—45 профессори Университети Москва.

Аъзои муассисаҳои илмии бисьёр мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла аъзо-корреспондент АФ СССР (1947). Неедли дар Ғарб яке аз аввалин олимоне буд, ки Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябрро дар Россия табрик намуд. Солҳои 1921—30 журнали «Вар» («Var»)-po нашр мекард. Ташаббускору муассис (1925) ва раиси Ҷамъияти қаробати маданию иқтисодӣ бо Россияи Советӣ, яке аз роҳбарони Иттифоқи дӯстони СССР (1930). Борҳо ба СССР сафар карда­аст. Солҳои 1939—45 ҳангоми Чехословакияро ишғол кардани фашиста­ни немис дар СССР буд. Аз соли 1945 депутати Маҷлиси миллӣ, аз 1946 аъзои КМ ва Президиуми КМ ПКЧ, 1945 раиси Иттифоқи дӯстии Чехословакияю Иттифоқи Советӣ, аъзои Коми­тети муҳофизати сулҳи Чехослова­кия.

Неедли оид ба масъалаҳои таърихи маданият, таърихи қадим, асрдои миёна ва навтарини Чехословакия асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Неедли ҳамроҳи олимони советӣ ба славяншиносии марксистӣ асос гузошта, дар ин соҳа кадрҳои бисёр тарбия кардааст. Муаллифи китоби «Ленин» (ҷилди 1—2, 1937—38), «Таърихи Иттифоқи Советӣ» (1948) ва «Таърихи халқи чех» (ҷилди 1, соли 1952 ба русӣ тарҷума шудааст) ва ғайра Неедли бо 2 орде­на Ленин, 3 ордени Клемент Гот­вальд ва ордени булғории Георгий Димитров мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …