Главная / Гуногун / ЗАРДОЛУИ АБДУХОЛИҚӢ

ЗАРДОЛУИ АБДУХОЛИҚӢ

АБДУХОЛИҚӢ, навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз (7 – 11 метр қад мекашад), сершоху барг (қутри пояаш 130 сантиметр), навдаҳояш ғафси сурхча. Баргаш дилшакли нӯгтез, дандонадор, сабзи баланд.Аввали апрел гул карда, мевааш охири июл мепазад.

АБДУХОЛИҚӢМевааш калон-калон (вазнаш андаряк 40 – 45 грамм), байзашакл, зарди кушод (тобиши сурхча дорад), пӯсташ нафису пашмакдор, гӯшташ хамираки сершира ва хуштамъ; донакаш ка­лон, паҳн, пурра. мағзаш ширин. Дарахташ дарозумр буда, 90-110 сол месабзад. Аз як бехи 95-солааш 68 килограмм мева ғундоштан мумкин аст. Ҳосилашро тар мехӯранд, мехушконанд ва аштак мекунанд.

Дар вакти тайёр кардани аштак донаки зардолуро аз тарафи думчааш бароварда, ба ҷояш мағзи бирён ҷой мекунанд ва ба ресмон ҳамел карда мехушконанд (45 – 47% гӯлинг ва 27 – 28 % аштак ҳосил мешавад). Абдухолиқӣ дар заминҳои санглоху нишебиҳо хуб месабзад. Асосан дар деҳаи Оббурдани ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мерӯяд. Дарахтони чудогонаашро дар деҳаҳои Реомутк ва Пастиғав низ дучор омадан мумкин. Дарахташ ба сармо ва камобӣ тобовар аст. Бештар аз ҳашарот ва касалиҳои занбӯруғӣ зарар мебинад.

Адабиёт: Плодовые Среднего Таджикистана. Ленинград, 1935;Костина К. Ф., Абрикос, Москва, 1936.

Ф. Урунов.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.