Юз, гепард (Асшопух jubatus), як навь ҷонвари даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ мансуби оилаи гурбашаклҳост. Дарозии танаш то 150 см, думаш то 75 см; баландиаш қариб 1 м. Чанголҳояш калони кунд. Юз дар Африка, Осиёи ҷан. Ғарбӣ ва Осиёи Миёна (Туркменистан) зиндагӣ мекунад; ҷои зисташ бештар биёбонҳои гилнок 9 ҷойҳои сералаф аст. Ғизояш асосан оҳуст; парранда ва хояндаҳоро низ мехурад. Юз ба туъма пинҳонӣ наздик мешавад ва баъд якбора давида (то 110 км/соат дар масофаи кутоҳ) онро медорад. Асосан рӯзона ё шомгоҳон шикор мекунад. Давраи ҳомилагиаш 84—95 руз; 2—4 бачаи нобино мезояд. Юз нағз ром мешавад. Онро дар Ҳиндустон ва Эрон барои шикори оҳу истифода мебурданд. Юз алҳол дар Осиё ва бисьёр ҷойҳои Африка қариб пурра нест шудааст.