Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФОВА Сороҷон

ЮСУФОВА Сороҷон

ЮСУФОВА Сороҷон (5. 5. 1910, Бухоро—15. 5. 1966, Душанбе), геологи советӣ, акад. АФ РСС Тоҷ. (1951), доктори илмҳои геология ва минералогия (1948), проф. (1950), Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷ. (1960). Аъзои КПСС аз 1962. С. 1935 Ун-ти Самарқандро хатм кардааст. С-ҳои 1940 —43 дар Ин-ти геологияи Филиали узбекистонии АФ СССР кор кард. С-ҳои 1945—48 Ю. дар Ин-ти геологияи Филиали тоҷикистонии АФ СССР мудири шуъбаи геологияи нефту ангишт буд. Аз с. 1949 то охири умраш мудири кафедраи минералогия ва петрографияи УДТ. Асарҳои илмии Ю. ба тадқиқи хусусиятҳои минералоги ва таркиби химиявии гил, лёсс ва геохимиям элементҳои ҷудогонаи химиявӣ оиданд. Ю. дар ду монография: «Хусусиятҳои минералогии лёссҳои Осиёи Миёна» (1951), «Хусусиятҳои минералогии лёссҳои водии Вахш» (1958) ва мақолаҳои илмиаш ин проблемаҳоро тадқиқ кардааст. У муаллифи аввалин китоби дарсӣ дар соҳаи геологии (ба забони тоҷикӣ) «Геология бо элементҳои минералогия ва петрография» (1963) мебошад. Ю. ч.анд китоб ва зиёда аз 70 мақолаи илмӣ таълиф кардааст. Дар солҳои охири ҳаёташ у дар тадқиқи таҳнишастҳои мезозой ва кайнозойи депрессияи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда гузошт.

Ас.: Минералогические особенности лёссов Ср. Азии, М., 1951.

Ад.: Баратов Р. Б., Хасанов А. X., Краткий очерк жизни, научно-педагогической и общественной деятельности С. М. Юсуповой.

М. Ҷанобилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …