Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФОВ Ҳаким Мустафоевич

ЮСУФОВ Ҳаким Мустафоевич

ЮСУФОВ Ҳаким Мустафоевич (тав. 17. 12. 1918, ш. Бухоро), геологи советӣ. Доктори илмҳои геология ва минералогия (1984). Аъзои КПСС аз с. 1945. Ун-ти Самарқандро хатм кардааст (1940). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Пас аз ҷанг дар Управленияи геологияи РСС Тоҷ. кор кардааст.

С-ҳои 1960—66 ходими хурди илмӣ ва аз 1967 ин ҷониб ходими калони илмии Ин-ти геологияи АФ РСС Тоҷ. мебошад. Ю. асосан ба тадқиқи сохти геологи, тарзи пайдоиш ва қонунияти ҷойгиршавии кондои сурмаю симоби Тоҷикистон машғул аст. У аввалин шуда барои ҷустуҷуи конҳои теле-термалӣ (пастҳарорат) услуби палеомагнитиро ба кор бурд. Шароити пайдоиш ва манбаъҳои маъдани сурмаю симоби куҳистони Зарафшону Ҳсорро омухта, ноҳияҳои нави сурмаю симобдорро муайян намуд. Ю. муаллифи зиёда аз 40 мақола ва 1 рисолаи илмӣ мебошад. Бо ордени Ситораи Сурх (1944) ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ос.; Основные закономерности размещения ртутно-сурьмяного оруденения в Зеравшано-Гиссарском рудном поясе, Д., 19/8.

М. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …