Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФИ БАЛОСОҒУНӢ

ЮСУФИ БАЛОСОҒУНӢ

ЮСУФИ БАЛОСОҒУНӢ (тав. тақр. 1021—с. ваф. номаълум), шоир, олим ва мутафаккири туркзабони Осиёи Миёна. Дар Қошғар таҳсил намуда, ба камол расидааст. Ю. Б. муаллифи яке аз қадимтарин осорӣ адабиёти халқҳои туркзабони Осиёи Мнёна — достони «Қутадғу би-лик» («Китоби бахт», таълифаш 1069, ба забони уйғурии давраи Қарахониён) мебошад. Ӯ нахустин шоирест, ки ба туркӣ бо вазни арӯз шеър гуфтааст. «Қутадғу билик» маснавии андарзӣ ва сиёсист. Қаҳрамонони асар чор образи рамзӣ — Одил, Давлат Оқил ва Қаноат мебошанд. Ба қавли Ю. Б., эрониён китоби уро «Шоҳнома»-и туркӣ мегуфтаанд. Ю. Б. да «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ашъори шоирони форс-тоҷики а. 10 бохабар будааст. Дар асараш Фаридун, Афросиёб, Рустам ва диг. борҳо ёд мешаванд. Яке аз бобҳои он бо қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Рудакӣ ҳамоҳанг аст. Дар «Қутадғ билик» забони тоҷикӣ баробари забони арабӣ ҳамчун забоне, ки ба он осори адабии зиёде эҷод шудааст, зикр гардидааст.

Ос.: Благодатное знание, М., 1983.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …