Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФИ АНДИҶОНӢ

ЮСУФИ АНДИҶОНӢ

ЮСУФИ АНДИҶОНӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), оҳангсоз, ҳофиз, навозанда ва мусиқишиноси тоҷик (а. 15). Ю. А. зиёда аз 300 асари мусиқӣ тасниф карда аст. У, махсусан, ба мақомҳои «Бузург», «Наво», «Ироқ», «Ҳусайнӣ», нақш, савт, амал, кор, пешрав, тарона эҷод кардааст. Аз ҷумла, «Пешрави Наво», «Амали Наврӯз», «Савти Ушшоқ», «Нақши Ҳусайнӣ», «Таронаи Бузург» ва ғ. дар байни адли мусиқӣ эътибори шоён доштанд. Ю. А. шеър ҳам менавишт.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …