Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФ Ибни Муҳаммад Ибни Юсуфи Табиб

ЮСУФ Ибни Муҳаммад Ибни Юсуфи Табиб

ЮСУФ– Ибни Муҳаммад Ибни Юсуфи Табиб (с. тав. ва ваф. номаълум), олими тоҷик дар соҳаи тиб (а. 16). Муаллифи «Ҷомеъ-ул-фавоид», ки бо номи «Тибби Юсуфӣ» маъмул аст. Дар Бухоро ва Самарқанд таҳсил намуда, дар дарбори Бобур кор ва эҷод кардааст. Ю. чунин асарҳоро таълиф намудааст: «Баҳр-ул-ҷавоҳир», «Фавоид-ул-аҳьёр», «Далоил-ул-бавл», «Далоил-ун-набз», «Қасида дар ҳифзи сиҳат», «Қасида дар баёни номҳои адвия» (ба забони ҳиндӣ), «Қасида дар аснои аҷноси адвия», «Рисолаи маъқул ва машруб» ва ғ. «Фавоид-ул-аҳёр» дар шакли назм навишта шудааст ва ба ғайр аз доруҳои муфрада, боз дар бораи баъзе таомҳо, хосияти нушокиҳо низ маълумот медиҳад. Ю. дар таълифи асарҳои худ аз осори Суқрот, Ҷолинус, Сино ва диг. истифода кардааст. Ю. баробари табиби ҳозиқ ва олими забардаст будан, дар шеъру шоирӣ низ ҳунарнамоӣ кардааст. Писари Ю. Исмоил низ табиб буда, дар боби тиб таълифот доштааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …