Маълумоти охирин

ЮРМОН

ЮРМОН, як навъ ҳайвони хояндаи санҷобмонандест. Дар Тоҷикистон 3 намуди Ю. вомехӯрад.

yurmon

Юрмонш регаор Ю.-и регзoр (Spermo-philopsis lepto-dactylus). Дарозии танаш 21-27 см, думаш 18—23 см ва вазнаш 500—800 г. Ю.-и регзор ба шароити биёбони регзор хеле хуб мутобиқ, шудааст; пойҳои он (махсусан пойҳои ақиб) нағз инкишоф ёфтаанд. Тез медавад. Ангуштони пойҳои пешаш дарозанд. Тобистон пусташ зард, пашмаш кутоҳи тунук ва дурушт, зимистон бошад, пашмаш дарози коҳранг, ғулӣ ва абрешиммонанд мешавад. Асосан дар регзори поёноби Вахш (регзори Қашқақум ва Қародум) ва Кофарниҳон (регзори назди Айвоҷ) маскан гирифтааст. Дар ҳама (регтуда) лонаҳои ҷудогона ва оилавӣ месозад. Соле як маротиба (февр.— март) афзоиш мекунад. Ох. апр. ва авв. май 2—5-то бача мезояд. Ҷонвари алафхор аст.

Ю.-и куҳӣ (Citellus relictus) сокини хоси даштҳои куҳсори Тиёншон мебошад. Дар Тоҷикистон фақат дар қ-куҳи Дурама аз доманакуҳ (750—850 м аз с. б.) то баландкуҳ (3000—3100 м) маскан гирифтааст. Дарозии танааш 22—26 см, думаш 5—8 см, вазнаш (зимистон пеш аз хоб рафтан) 500—700 г; баъди аз хоб хестанаш 250—450 г. Пусти тахтапушташ зарди буртоб ва хол-хол аст. Пашмаш дароз ва нисбатан дурушт. Дар теппаҳои гилхок, санглох, заминҳои партов, атрофи киштзори ғалладонаву зироати хуроки чорво, қад-қади шабакаҳои обёрӣ, арчазори сирак ва ғ. лона месозад. Дар доманакуҳҳо моҳи март, дар баландкуҳҳо апр. афзоиш меёбад. Давраи ҳамлаш 26—28 рӯз; 3—11-то бача мезояд. Онҳо тез инкишоф меёбанд, баъди 30 рӯз дарозии танаашон 17—14 см ва вазнашон 55—65 г машавад. Ю.-и куҳӣ июль—авг. ба хоб меравад (7—8 моҳ давом мекунад). Ю.-и куҳӣ алаф ва ҳашарот мехурад.

Ю.-и зард (Citellus fulvtis) нисбат ба Ю.-ҳои дигар калонҷуссатар аст; дарозии танаш 26—34 см, думаш 6—10 см, вазнаш пеш аз хоби зимистона 700—1300 г ва баъди аз хоб хестанаш 500—900 г. Ҷонварл хоси биёбонҳои гилхоки Қазоқистони Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна мебошад. Ю.-и зард фақат дар шим. Тоҷикистон (даштҳои Дилварзин, Мирзочул,. ғарби водии Фарғона, шим. ғарбии қ-куҳҳои Курама, Туркистон ва Зарафшон то 1400—1700 м. аз с. б.) вомехурад. Февр.— март афзоиш мекунад. Давраи ҳамлаш 30 руз; 3-9-то бача мезояд. Ю.-и зард растанӣ, инчунин тобистон ҳашарот (гамбускҳо, кирминаи шапалакҳо)-ро мехурад. Ҳоло дар натиҷаи шикор ва корам шудани маҳалҳои сукунат Ю.-ҳо хеле кам шудаанд.

Г. С. Давидов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …