Маълумоти охирин

ЮРА

ЮРА, давраи (системаи) юра, дар таърихи геологии Замин давраи дуюми эраи мезозойро гуянд, ки 190—195 млн сол муқаддам оғоз ёфта 55—58 млн сол давом кардааст. Номи давра аз к-ҳои Юра, ки дар Франция ва Швейцария воқеанд, гирифта шудааст. Истилоҳи «Ю.»-ро с. 1829 геологи франсавӣ А. Броньяр аввалин бор истифода бурд. Давраи Ю. ба заминҳои аввал, миёна, онро ва (системааш табақаи ҷинсҳои куҳии Ю.) ба қисмҳои поён, миёна, боло тақсим мешавад.

Дар аввал ва охирҳои давраи Ю. ҳаракатҳои пуршиддати тектоникӣ ба амал омаданд. Ин ҳаракатҳо махсусан дар ноҳияҳои геосинклиналии атрофи уқ. Ором пурзуртар буданд ва ин боиси дар ғарби Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, дар шарқи Осиё ва баъзе ҷойҳои минтақаи геосинклиналии Баҳримиёназамин пайдо шудани куҳҳои чиндор гардид. Дар ҷараёни куҳпайдошавӣ бошад, магматизм авҷ гирифт. Дар платформаҳо гоҳ трансгрессия ва гоҳо регрессияи баҳрҳо ба амал меомад. Дар давраи Ю. материки Гондвана ба қисмҳо ҷудо шуда, ҳавзаи уқ-ҳои Атлантик ва Ҳинд ба вуҷуд меомаданд. Дар минтақаи чокҳои калони қишри Замин (Африкаи Шарқӣ, Америкаи Ҷанубӣ ва диг. ҷойҳо) вулқонҳо оташфшонӣ мекарданд.

Олами органикии Ю. ба олами органикии давраи триас монандӣ дошт. Дар хушкиҳои давраи Ю. ҳамон растаниҳои лучтухми давраи триас, яъне гинкгоҳо, беннетитҳо, саговникҳо, мунмунаҳо (плаунҳо), сузанбаргҳо, сархасҳо, чилбандҳо ва ғ. меруиданд. Дар давоми давра ягог гуруҳи калони наботот на барҳам хурдаасту на пайдо шудааст. Фақат ҷинсу намуди лучтухмҳо хеле тағйир ёфтаанд. Дар хушкиҳои Ю. хазандаҳои азимҷуссаи алафхур (диплодок, стегозавр, бронтозавр) ва хазандаҳои дарранда (цератозавр, аллозавр), инчунин калтакалосҳои паррон — претозаврҳо, тирхурҳои майда зиндагӣ мекарданд. Аввалин парранда — археоптерикс ва шапалакҳо дар ҳамин давра пайдо шуданд. Олами ҳайвоноти баҳрҳо асосан аз нармбаданҳо — сарпойҳо (аммонитҳо, белемнитҳо), нармбаданҳои дупалла ва ишкампойҳо, инчунин марҷонҳо, сузанпустҳо, бандпойҳо, форсминифераҳо, моҳиҳои устухондор ва ғ. иборат буданд. Баъзе хазандаҳо — ихтиназаврҳо, плезиозаврҳо дар баҳрҳо мезистанд.

Таҳнишастҳои давраи Ю. дар ҳамаи континентҳо ва ҳатто дар қаъри уқьёнус мавҷуданд. Таркиб ва шароити пайдоиши онҳо гуногунанд. Таҳнишасти платформаҳо асосан континентию баҳрӣ ва геосинклиналҳо баҳрӣ ва вулқоногенӣ мебошанд. Шароити иқлимии юраи аввал, алалхусус юраи миёна, барои ангиштҳосилшавӣ ва охирҳои Ю. бошад, барои намакҳосилшавӣ мусоид буд. Таҳнишастҳои давраи Ю. дар СССР, махсусан дар ҳамвориҳои Европаи Шарқӣ, Сибири Ғарбӣ, дар Қрим, Кавказ, Осиёи Миёна, Забайкалия ва Шарқи Дур бисьёранд. Дар Тоҷикистои он ҳо дар доманаи шимолии қ-куҳи Туркистон (кони ангишти Шуроб), дар куҳистони Зарафшону Ҳисор (водии қ-ҳои Зарафшон, Фону Яғноб, хамиҳои Киштуду Заврон, Моғиёну Фароб, Зиддӣ, нишебиҳои ҷанубии қ-куҳи Ҳисор), депрессияи Тоҷикистон ва аз ҳама зиёдтар дар Дарвозу Помир вуҷуд доранд. Ии таҳнишастҳо аз конгломерат, peг, гил, варақсанг, оҳаксанг, мергел, ҷинсҳои вулқонӣ, қабатҳои ангишт, намаксанг ва ғ. иборатанд, ки дар шароити континентӣ, баҳрӣ ва лагунӣ пайдо шудаанд.

Ғафсии табақаи ҷинсҳои Ю. дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷан. Ғарбӣ даҳҳо, садҳо м ва дар Помир ба якчанд км мерасад. Тамоми конҳои ангишт, конҳои намаксанги Хоҷамуъмин, Хоҷасартез ва ғ., инчунин баъзе конҳои нефту гази республика дар давраи Ю. ба вуҷуд омадаанд.

Ӯ. Олимов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …