Маълумоти охирин

ЮПИТЕР

ЮПИТЕР, худои олӣ дар асотир ва дини Рими Қадим. Дар ибтидо худои нур, равшанӣ буд. Ю.-ро худои раъду барқ ҳам меҳисобиданд. Баробари дар байни ҷамоаи Италия ба ҷои якум баромадани Рим Ю.-ро ҳомии Давлати Рим донистанд; вай гӯё дар муҳориба ба ҷанговарони Рим матонат бахшида, онҳоро бар душман ғолиб мегардонд. Ибодатхонаи теппаи Капитолия аз а. 6 то м. маркази парастиши Ю. гарднд. Дар асотири Юнони Қадим бо Зевс айният дошт.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …