Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии ЮНОН

Ҷумҳурии ЮНОН

ЮНОН (Hellas), Республикаи Юнон (Hellenike Demokratia), давлатест дар Европаи Ҷанубӣ. Дар нимҷаз. Балкан ва ҷаз-ҳои сершумори (беш аз 100, калонтаринашон: Крит, Эвбея, Родос, Лесбос), воқеъ гардидааст. Масоҳ. 131,9 ҳаз. км2. Аҳолиаш 9,9 млн наф. (1984), аҳолии шаҳрӣ 65%. Пойтахташ ш. Афина. 95% аҳолӣ юнониҳо мебошанд. Забони расмӣ — юнонӣ. Аксари диндорон насрониёни православианд. Сардори давлат — президент, органи олии қонунбарор — парламенти якпалатагӣ.

yunon

Тақр. аз се ду қисми ҳудуди мамлакатро куҳҳои баландиашон миёна (нуқтаи баландтаринаш 2917 м., қ. Олимп) ва паҳнкуҳҳо ишғол кардаанд. Соҳилҳояш ниҳоят каҷу килебанд. Иқлиму набототаш субтропикии баҳримиёназаминист. Дар Афина ҳарор. янв. 9°С, июль 27 С. Боришоти солона аз 350 мм (дар ҳамвориҳо) то 1400 мм. (дар қ-ҳо). Қариб 44% ҳудуди Ю. бешазор ва буттазор аст. Оид ба таърихи қадими Ю. ниг. Юнони Қадим, Византия. А. 15 Ю. дар тасарруфи империяи Усмония буд. Зимни Революцияи миллии озодихоҳии Юнон (1821—29) истиқлолияташ-ро ба даст овард. Баъди аз Россия (1828—29) шикаст хурдани Туркия мувофиқи Созишномаи сулҳи Адрианопол с. 1829 Туркия мухторияти Ю.-ро эътироф намуд. Аз 1830 Ю. мамлакати мустақил аст. Февр. 1862 дар Ю. революцияи буржуазӣ ба амал омад. 10.— иштирокчии ҷанги Балкани с-ҳои 1912—13, инчунин Ҷанги Якуми ҷаҳонӣ (аз тарафи Антанта) ва ҷанги байни Ю. ва Туркия, ки с-ҳои 1919—22 бо иғвои мамлакатҳои Антанта давом карда буд. С. 1918 Партияи коммунистии Юнон (ПКЮ) таъсис ёфт. С. 1924 байни Ю. ва СССР муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд. 25 марти 1924 Ю. республика эълон шуд. Дар натиҷаи овоздиҳии сохтакоронаи умумихалқӣ (1935) дар Ю. ҳокимияти мутлақа аз янв барқарор гардид; 4 авг. 1936 ҳокимият ба дасти ҳарбиён гузашт. Окт. 1940 қушунҳои Италияи фашистӣ Ю.-ро забт карданд (нояб. 1940 онҳо аз хоки мамлакат пеш карда шуданд). Апр. 1941 қушунҳои Германияи фашистӣ ба Ю. ҳуҷум карда, 2 июнь тамоми мамлакатро забт намуданд. Шояд Ю. Георги II аз мамлакат гурехт. Дар таҳти роҳбарии ПКЮ халқ ба муборизаи мусаллаҳ бархост. Сент. 1941 фронти миллии озодихоҳӣ (ФМО) таъсис ёфт. Дек. 1941 Армияи халқии озодихоҳ (АХО) барпо шуд, ки он то охири окт. 1944 тамоми қисми хушкии мамлакатро аз қушунҳои фашистӣ озод намуд. Маи 1944 «ҳукумати ягонагии миллӣ» барои пахш кардани ҳаракати демократии зиддифашистӣ ба Ю. қушунҳои Англияро даъват намуд. 1 сент. 1946 баъди овоздиҳии сохтакорона (плебисцит) шоҳ ба сари ҳокимият омад. Қувваҳои ҳукмрои ба қушунҳои Англия такья карда ҷанги гражданиро cap карданд. Армияи демократии Ю., ки с. 1946 таъсис ёфта буд, ба муқобили реакция мубориза мебурд (с. 1949 мубориза қать гашт). С. 1947 ПКЮ ғайри ҷонун эълон шуд. С. 1952 Ю. ба блоки НАТО ҳамроҳ шуд, 1953 ШМА барои ҷойгир кардани базаҳои Ҳарбии худ дар ҳудуди мамлакат бо Ю. созишнома баст. 21 апр. 1967 доираҳои ҳарбии иртиҷоӣ табаддулоти давлатӣ карда, тартиботи диктатураи ҳарбиро ҷорӣ вамуданд. Диктатурам нави ҳарбӣ, ки дар натиҷаи табаддулоти ҳарбии 25 нояб. 1973 ба сари давлат омада буд, 15 июли 1974 дар ҷаз. Кипр табаддулоти гуруҳи мусаллаҳро ба амал оварданӣ шуданд, вале шикаст хурд ва боиси сарнагун шудани диктатура гардид.

23 июли 1974 дар Ю. ба сари давлат ҳукумати гражданӣ омад. Сент. 1974 ПКЮ аз пинҳонкорӣ баромад. Дар натиҷаи референдум (8 дек. 1974) дар Ю. мутлақият барҳам дода шуд. Ю. аз с. 1981 аъзои Идтиҳоди иқтисодии Европа (ИИЕ) мебошад. Ю. мамлакати индустриалию аграрӣ буда, иқтисодиёташ ба капитали хориҷӣ мутеъ мебошад. Дар ташкили маҳсулоти умумии миллӣ (1979) ҳиссаи саноат ва сохтмон 34% (29% -и аҳолии қобили меҳнат), х. қ. 14% (34%-и аҳолии қобили меҳнат) аст. Дар х. қ. деҳқонӣ мавқеи асосӣ дорад. Қисми зиёди замин дар дасти помещикон аст. 70% замини Ю. дар х. қ. истифода мешавад, ки аз ин 30%-аш заминҳои киштукорианд. Асосан ғалладона (гандум, ҷав, ҷавдор, ҷуворимакка, шолӣ; 5,7 млн т, 1984), лаблабуи қанд, тамоку, пахта мекоранд; зайтун, ток, растаниҳои цитрусӣ мепарваранд. Саршумори чорво (1984, ба ҳисоби ҳаз. cap): гов —945, гусфанд —8060, хук — 1190, буз —-4750; парранда —32 млн. Соҳаҳои асосии саноаташ: истихроҷи маъдан (боксит, пирит, маъданҳои никель ва хром), бофандагӣ, хурокворию адвиёт, корхонаҳои алоҳидаи химия, коркарди нефт, металлургия, мошинсозӣ, цемент, чарму пойафзол низ мавҷуданд. Истеҳсоли энергияи электр —23,3 млрд кВт-с (1984). Савдои Флоти тиҷоратии баҳрӣ аҳамияти зиёд дорад. Бандарҳояш: Пирей, Салоники, Элефнсис. Шарикони асосии тиҷоратиаш: РФГ, ШМА, Франция, Италия, Британияи Кабир, СССР, Япония. Муомилоти савдои берунӣ бо мамлакатҳои Иттиҳоди иқтисодии Европа 43%, бо мамлакатҳои социалистӣ 11,5%-ро ташкил мекунад. С. 1985 ба Ю. 7 млн туристони хориҷӣ омада буданд. Воҳиди пул-драҳма.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …