Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮДЕНИЧ Николай Николаевич

ЮДЕНИЧ Николай Николаевич

yudenovich-n-n

ЮДЕНИЧ Николай Николаевич (30. 7. 1862, Москва—5. 10. 1933, Канн), сардори контрреволюция дар шим. ғарбии Россия (солҳои Ҷанги гражданӣ, 1918—20), генерал. Аз янв. 1915 фармондеҳи Армияи Кавказ. Март—апр. 1917 сарфармондеҳи фронти Кавказ, баъд ба истеъфо баромад. Тирамоҳи 1918 аввал ба Финляндия ва сонитар ба Эстония муҳоҷират намуда, дар он ҷо ба гвардиячиёни сафеди Армияи Шим. Ғарбӣ, ки ба Петроград ҳуҷум мекард, сардорӣ намуд ва ба ҳайати ҳукумати контрреволюционнӣ Шим. Ғарбӣ, ки бо ёрии Британияи Кабир ташкил карда шуда буд, дохил гашт. Баъди шикаст хурдани юришҳои гвардиячиёни сафед ба Петроград (окт.— нояб. 1919) боқимондаҳои армияи шикастхурдаи Ю. ба Эстония ақиб нишастанд. С. 1920 Ю. ба Британияи Кабир ҳиҷрат кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …