Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯЗОВ Димитрий Тимофеевич

ЯЗОВ Димитрий Тимофеевич

yazov-d-t

ЯЗОВ Димитрий Тимофеевич (тав. 1923), ходими ҳарбии советӣ, генерали армия. Аъзои КПСС аз с. 1944.

Аз с. 1941 дар Армияи Советӣ. Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (1957) ва Академияи            ҳарбии Штаби генералии Қувваҳои Мусаллаҳи     СССР-ро (1967) хатм намуда аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ як қатор вааифаҳои фармондеҳиро ба уҳда дошта, дар ҳайати қушунҳои амалкунанда дар фронтҳои Волхов ва Ленинград ҷангида аст. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазифаҳои гуногуни фармондеҳӣ ва штабиро ишғол намуд. Фармондеҳи армия, гуруҳи қушунҳо, Округи ҳарбии Осиёи Миёна, Округи ҳарбии Шарқи Дур; ҷонишини вазири мудофиаи СССР оид ба кадрҳо буд. Аз май 1987 вазири мудофиаи СССР. Июни 1987 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии КМ КПСС интихоб шуд. Депутати Совети Олии СССР даъвати 11.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …