Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЯЗДИГУРД

ЯЗДИГУРД

ЯЗДИГУРД, номи чанд подшоҳи сулолаи Сосониён.

sasan

Я. I (с. тав. номаълум — ваф. 420 /21) баъди Баҳроми IV (388—99) ба сари тахт омадааст (ҳукмр. 399— 420/21). Я. I барои суст намудани нуфузи ашрофи ҳарбӣ ва руҳониёни зардуштӣ, ки ба корҳои давлатӣ ва масъалаи ба тахт нишондани шоҳони сосонӣ дахолат мекарданд, чораҳои қатъӣ андешид. Бо ин мақсад у аз ҳунармандон ва савдогарон, ки аксарашон пайрави дини насронӣ буданд, дастгирӣ меҷуст. Я. I нуфузи дину оини қадимаро хеле суст кард, ки ин вазъияти насрониёнро хеле беҳтар кард. С. 410 дар Седевши ҷамъомади насрониён гузаронида шуд ва дар натиҷа мавқеи руҳониёни насронӣ хеле мустаҳкам гардид. Дар сиёсати беруна Я. I бо императори Византия сулҳ баста ба Кустантания сафирони худро фиристод. Ҳамаи ин норозигии ашрофи эронӣ ва руҳониёни зардуштиро ба вуҷуд овард. Я. I аз пурзуршавии мавқеи насрониён ва афзудани норозигии руҳониёни зардуштӣ тарсида дар солҳои охири ҳукмрониаш сиёсати худро тағйир дод.

Я. II (с. тав. номаълум — ваф. 457, ҳукмр. 438—457), писари Баҳроми V. Я. II сиёсати падари худро нисбат ба ашроф ва руҳониёни зардуштӣ давом дода ба онҳо гузаштҳо кард. Корҳои давлатиро ашрофон таҳти роҳбарии Меҳр — Насра пеш мебурданд. С. 442 ҷанги бебарори Эронро бо Византия қатъ намуд. Я. II бо мақсади ба руҳониёни зардуштӣ наздикшудан мухторияти Арманистонро барҳам дода дар он сарзамин зардуштиро ҷорӣ кардан хост.

Дар Арманистон андозҳои вазнин ҷорӣ намуда, ба мансабҳои маъмурӣ намояндагони ашрофи эрониро таъин кард. У бо мақсади аз мулки худ дур кардани қушуни савораи нахарарҳо (князҳо)-и арманӣ онҳоро 7 сол дар сарҳади шим. шарқии мамлакат нигоҳ дошт. С. 450 аа нахарарҳо талаб кард, ки зардуштияро қабул намоянд. Дар натиҷа дар Арманистон шуриши халқӣ cap зад, ки ба он нахарарҳо ва руҳониён ҳамроҳ шуданд. Лашкаркаш Вардан Мамиканян сарвари шуриш таъин гардид. Я. II шуриши озодихоҳонаи арманиҳоро пахш карда бошад ҳам (майи 451), маҷбур шуд мухторияти Арманистон ва мамлакатҳои дигари Закавказияро нигоҳ дорад. Я. II дар солҳои охири ҳукмрониаш дар сарҳадҳои шим. шарқӣ (Хуросон ва Тахористон) ҷангҳои вазнин бурда, дар он ҷо қалъаю шаҳрҳо буньёд намуд.

Я. III. (с. тав. номаълум — ваф. 651, наздикии Марв), охирин намояндаи сулолаи Сосониён (ҳукмр. 632 —651). Дар замони ҳукмронии у мамлакатро буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсҷ фаро гирифт. Музофотҳо мустақил шуда аз ҳайати Сосониён баромадан гирифтанд, ки ин ба парокандагии мамлакат сабаб шуд. Мамлакати сусту парокандаи Эрон пеши роҳи истилои арабро гирифта натавонист, Арабҳо с. 633 ба Эрони Сосонӣ ҳуҷум карда, дар муҳорибаҳои назди Қодисия (637) ва Нидованд (642) ба қушуни Я. III. сахт зарба заданд. Дар натиҷа Я. III ба шим. шарқии Эрон ақибнишаста, с. 651 дар наздикии ш. Марв кушта шуд.

Ад.: Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя я средневековая история, М., 1972; История Ирана. М.. 1972.

Д. Бобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …