Маълумоти охирин

ЯХЧА

ЯХЧА, қабати яхро гӯянд, ки ҳангоми ях бастани қатраҳои туман ё борон (дар ҳарор. аз 0°С паст) дар сатҳи замин ва ашьё (тана ва шохи дарахтон, симҳои телеграф ва ғ.) ба вуҷуд, меоянд. Одатан Я. дар ҳарор. аз 0 то —3*С ва аз он ҳам пасттар мушоҳида мешавад. Я. бештар дар тарафи шамолраси ашьё пайдо мешавад. Қабати ях ба якчанд см расида, сабаби шикастани шохчаҳои дарахт, кандашавии симҳо ва нобудшавии зироат мегардад.

yaxcha

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …