ЯШМ

yashma

ЯШМ (ар. ), яшб, яшп, ҷинси кучии таҳшинии андаке метаморфшударо гуянд, ки аз заррачаҳои кварц, баъзан халцедон таркиб ёфтааст. Аксар вақт ба сифати омехта минералҳои гематит, гётит, хлорит, актинолит, гидрооксидҳои манган ва ғ. дорад. Гуногунрангии Я. ба омехтаҳои таркибаш вобаста аст. Я. санги мустаҳкам (сахтиаш 5,5—7) ва ношаффоф мебошад. Рангаш гуногун: сурх, зард, ҷигарӣ, сабз, бур, хокистарӣ, баъзан сиёҳ, сафед ва ғ. Аз рӯи текстура якранг, рангоранг, рах-рах, танга-танга, нақшин ва ғ. мешавад. Дар қишри Замин ба шакли қабат-қабат, линзамонанд ва табақаҳои ғафс (то даҳҳо, садҳо м) мехобад. Пайдоиши Я-40 асосан вулқоногению таҳшинӣ химиявӣ ва биохимиявист. Бинобар мустаҳкаму хушранг буданаш Я.-ро дар заргарию резакорӣ, кошинкорӣ ва дар техника истифода мебаранд. Дар СССР конҳои машҳури Я. Урали Ҷанубӣ ва Олтойи Маъдандор воқеъ гаштаанд. Я-ҳои хушрангу зебо дар кӯҳҳои Тоҷикистони Шимолӣ, Марказӣ ва Помир низ мавҷуданд.

 Ӯ. Олимов

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои …