Маълумоти охирин

ЯСАВИЯ

ЯСАВИЯ як силсилаи тасаввуфро гӯянд, ки муассисаш Аҳмади Ясавист (ваф.1166). А. 12 дар Осиёи миёна пайдо шуда, баъдтар дар Эрон инкишоф ёфт. Ғояи асосии таълимоти Я. дар «Девони Ҳикмат» ном асари Ясавӣ ифода ёфта аз неъматҳои моддӣ даст кашидан ва бои бодату риёзат ба маърифати тасаввуфӣ ноил шуданро тарғиб менамояд, ки гӯё танҳо туфайли роҳнамоии пир ба амал меомадааст.

Пайравони Я. хусусан Сулаймони Боқирғхон  Сӯфӣ Оллоҳёр масъалаҳои асосии тасаввуфро ба забони узбекӣ байни халқҳои туркнажод тарғиб намудаанд. Таълимоти Я. мардумро ба зиндагии зоҳидона, қаноат ва муросокорию мутеӣ тарғиб мекард. Муҳаққиқон инкишофи ҳаракати Дарвешонро дар Осиёи миёна ба Аҳмади Ясавӣ нисбат медиҳанд.

Ҳангоми дар Осиёи миёна ривоҷ ёфтани ҳаракати оммавӣ ба муқобили муғулҳо таъсири таълимоти Я. дар байни мардум сус шуд ва минбаъд аз байн рафт.

А. Муҳаммадхоҷаев

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …