Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯРОШЕНКО Николай Александрович

ЯРОШЕНКО Николай Александрович

nikolay_yaroshenko_avtoportret

ЯРОШЕНКО Николай Александрович (13. 12. 1846, Полтава —7. 7. 1898, Кисловодск), рассоми рус. Маълумоти ҳарбӣ гирифта, с. 1892 бо унвони генерал-майор ба истеъфо баромадааст. Я. аз аввалин рассомони рус аст, ки коргарони заводро чун қувваи тавонои ҷамъиятӣ тасвир намудааст («Гӯлахӣ», 1878, Нигористоли Третьяков). Дар мусаввараҳои Я. образи ҷавонони равшанфикр ва зиёиёни инқилобӣ равшан ифода ёфтааст («Маҳбус», 1878; «Донишҷу» 1881 — дар ду дар Нигористони Третьяков; «Толиби курс»; 1883, Музеи бадеии Калуга; «Пириву барноӣ», 1881, Музеи Рус, Ленинград). Я. дар жанри портрет низ асарҳои зиёд офарида, симои маънавии ходимоии пешқадами маданияти русро ба қалам додааст (портретҳои П. А. Стренетова, 1884, Нигористони Третьяков; Г. И. Успенский, 1884, Нигористони мусаввараҳои Свердловск; Н. Н. Ге, 1890, Музеи Рус). Мусаввараи машҳури «Дар ҳама ҷо ҳаёт» (1888, Нигористони Третьяков) як лаҳзаи гуворои рӯзгори маҳбусонро хеле самимӣ ва боварибахш ба қалам додааст. С. 1962 дар Кисловодск Музеи бадеиия Н. А. Ярошенко кушода шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …