Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЯРОҚПАРТОӢ

ЯРОҚПАРТОӢ

yarokpartoi

ЯРОҚПАРТОӢ, системаи чорабиниҳоеро гӯянд, ки амалӣ гардонидани онҳо боиси маҳви пурра ва ё кам шудани воситаҳои ҷангӣ гардида, барои бартараф кардани хавфи ҷанг шароити мусоид фароҳам меоварад. Дар давраи ҳозира бино ба мавҷуд будани яроқи ядроӣ ва дигар яроқи қатли ом Я. ба масъалаи муҳими байналхалқӣ табдил ёфтааст ва ҳалли он таъхирнопазир аст.

Ҳукумати Советӣ аз рӯзҳои авали мавҷудияташ барои Я. собитқадамона мубориза мебарад. Аз с.60 сар карда бо ташаббуси СССР як қатор созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки онҳо то андозае пеши роҳи мусаллаҳшавии бошитобро гирфтанд (Шартнома оид ба манъи озмоиши яроқи ядроӣ дар атмосфера, фазои кайҳон ва дар зери об 1963; Шартнома оид ба кайҳон 1967; шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ; Шартнома оида ба қаъри баҳр; Конвенцияи оид ба яроқӣ бактериологӣ). Ин созишномаҳои Иттифоқи советию Америка, ки дар натиҷаи гуфтушуниди дутарфа баста шудаанд, барои Я. нақши муҳим доштанд: шартнома оид ба маҳдуд намудани системаи мудофиаи зиддиракетӣ ва созишномаҳои муваққатӣ дар бораи баъзе чорабиниҳо оид ба маҳдуд намудани озмоиши яроқи ядроӣ (июн,1947); Шартнома оид ба таркиши зеризаминӣ бо мақсадҳои осоишта (маи 1976) ; Июни (1979) Шартномаи Иттифоқи советию Америка дар бораи маҳдуд намудани аслиҳаи ҳуҷумкунандаи стратегӣ (ОСВ-2) ба имзо расид, ки ратификацияи он аз тарафи ШМА ба муддати номаълум ба таъхир гузошта шуд.

Иттифоқи Советӣ таклиф менамояд, ки масъалаи Я. ҳамаҷониба, бо тамоми ҷузъиёташ ҳал карда шавад. Ин масъала ҳам дар гуфтушу нидҳои Женева, Стокгольм, Вена ва ҳам дар вохурии котиби генералик КМ КПСС М. С. Горбачев бо президенти ШМА Рейген ба миён гузошта шуд. Съезди 27-уми КПСС масъалаи мубориза барои Я. ва мустаҳкам кардани сулҳи умумро роҳи асосии фаъолияти Партияи Комунистӣ дар арсаи байналхалқи эълон кард.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …