Маълумоти охирин

ЯПОНИЯ

ЯПОНИЯ (японӣ Ниппон, Нихон), давлатест дар Осиёи Шарқӣ, асосан дар ҷаз-ҳои Япония, ки аз шим. шарқ ба ҷан. ғарб ба масоҳати беш аз 3000 км тул кашидаанд, ба воситаи б-ҳои Япония ва Шарқии Хитой аз материк ҷудо аст; аз шарқ ва ҷан. шарқ, бо уқ. Ором ва б. Охота иҳота шудааст. Қариб 4 ҳаз. ҷазира (калонтаринашон: Хоккайдо, Хонсю, Сикоку, Кюсю—ҷаз-ҳои Япония) ва галаназ. Рюкюро дар бар мегирад. Масоҳ. 372,2 ҷаз. км2. Аҳолиаш 121 млн наф. (1985), японҳо зиёда аз 99%, аҳолии шаҳрӣ 75%. Забони расмӣ — японӣ. Дини ҳукмрон — буддоия ва синтоия. Пойтахташ ш. Токио. Япония давлати мутлақан конституционист; органи олии қонунбарор — парламенти дупалатагӣ. Ба 46 префектура ва губернаторӣ тақксим шудааст.

yaponiya

Рельефаш асосан куҳӣ. Вулқонҳои бисьёре дорад, аз ҷумла Фудзияма (баландтарин нуқтаи Я.—3776 м). Серзилзила мебошад. Иқлими Я. субтропикии муссонист, дар шим.— муътадил. Боришоти солона аз 1000 то 3500 мм. Зиёда аз 2/3 қисми ҳудудаш бешазор (дар Хоккайдо асосан бешаҳои сузанбарг, ҷанубтар бешаҳои ҳамешасабзи субтропикӣ) аст.

Дар а-ҳои 7—8 дар Я. сохти феодалӣ ҷорӣ шуд. Аз ох. а. 12 то с. 1867 ҳокимияти давлатӣ дар дасти сёгунҳо буд. С-ҳои 1867—68 рев. буржуазӣ ба амал омад, вале он пурра ба итмом нарасид ва ҳокимиятро блоки буржуазию помещикӣ ба даст даровард. С-ҳои 1894—95 Я. бар зидди Хитой ҷанги ғоратгарона мебурд. Таъсири зиёди муносибатҳои феодалӣ дар Я. боиси суст шудани инкишофи империализм гашт, аз ин ру империализм дар Я. дар ох. а. 19 ва ибт. а. 20 ба вуҷуд омад.

Баъди Ҷанги русу япон (1904—05) Я. Кореяро протекториати худ эълон кард ва с. 1910 онро зуран ба худ эълон кард ва с.1919 онро зуран ба мулки Я. ҳамроҳ намуд. С. 1914 ҳамчун тарафдори Антанта дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ иштирок кард. С. 1918 ҳаракати халқӣ — «Исьёни биринҷ» cap зад. С. 1922 Партияи Коммунистии Япония (ПКЯ) таъсис ёфт. С-ҳои 1918—22 империалистики Я. ба Шарқи Дури Совети интервенция ташкил карданд, аммо шикаст хурданд. С. 1925 байни Я. ва СССР алоқаи дипломатӣ муқаррар шуд. С. 1931 Я. Манҷурияро забт кард, с. 1937 бошад, барои забт кардани тамоми Хитой ҷанг cap кард. Я. дар сарҳади Иттифоқи Советӣ ва Муғулистон иғвогариҳо мекард, вале ҳатман ба муқобилати сахт дучор мешуд (ҷангҳои дар назди кули ҳасан, 1938, дар назди д. Халхин-Гол. 1939 ва ғ.). Дар Ҷанги дуюмн ҷаҳонӣ Я. иттифоқчии Германия ва Италияи фашистӣ буд. Я. бисьёр мамлакатҳои Осиёро забт кард, вале аз с. 1943 cap карда онҳоро аз даст додан гирифт. Авг. 1945 халқи япон қурбони бомбаборони атомӣ шуд. Қувваҳои ҳарбии ҳавоии ШМА 6 авг. ба ш. Хиросима ва 9 авг. ба ш. Нагасаки бомбаи атомӣ партофтанд. Ба ин бомбапартоӣ зарурати ҳарбӣ набуд, он фақат мақсадҳои сиёсӣ дошт. Дар натиҷа ҳазорон одамони бегуноҳ ҳалок гардиданд. 8 авг. 1945 СССР мувофиқи уҳдадории дар назди Иттифоқчиён гирифтааш ва барои зудтар ба итмом расонидани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 9 авг. ба Я. ҷанг эълон кард. Қушунҳои Советӣ армияи Квантунро торумор карда Манҷурия, Кореяи Шимолӣ, Сахалини Ҷанубӣ ва ҷаз-ҳои Курилро озод карданд. Ҳукумати Я. маҷбур шуд 2 сент. 1945 бечунучаро таслим шавад. Баъди тамом шудани Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ШМА Я.-ро истило карда, роҳи дар Шарқи Дур ба плацдарми ҳарбӣ табдил додани онро пеш гирафтанд. 8 сент. 1951 ШМА, Британияи Кабир ва як қатор давлатҳои диг. бо Я. шартномаи Сулҳи Сан-Францискоро имзо карданд (аз апр. 1952 эътибор пайдо кард), лоиҳаи он ба вайронкунии принципҳои декларацияи Потсдам бе иштироки СССР тайёр карда шуда буд. ШМА бо Я. якчанд шартнома ва созишномаҳо («шартномаи бехатараӣ» ва ғ.) баст, ки ин асоси қонунии иттифоқи ҳарбию сиёсии ШМА ва Я. буд. «Шартномаи бехатарӣ» с. 1960 бо «шартномаи ёрии байниҳамдигарӣ ва бехатарӣ» иваз карда шуд (муҳлаташ с. 1970 дароз карда шуд). Окт. 1956 ҳукумати СССР ва ҳукумати Я. дар бораи бас кардани ҳолати ҷанг байни СССР ва Я. ва барқарор кардани алоқаи дипломатӣ декларация имзо карданд. Баъди ба имзо расидани декларацияи якҷоя алоқаҳои байни СССР ва Я. васеъ гардиданд. Неруҳои демократии Я. барои нест кардани иттифоқи ҳарбии Японияю ШМА, бар зидди миллитарикунии мамлакат, барои осоиштагӣ, бетарафӣ, ҳамроҳ нашудан ба блокҳои ҳарбӣ ва барои муҳофизати демократия ва манфиатҳои ҳаётии халқ баромад мекунанд.

Партияи ҳукмрон (аз 1955) Партияи либералию демократии Я. аст.

Я. мамлакати мутараққии индустриявист. Аз ҷиҳати ҳаҷми умумии маҳсулоти миллӣ дар ҷаҳони капиталистӣ дар ҷои 2 меистад (аз ҷиҳати миқдор ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷои 12). Дар саноат 28%, дар х. қ. ва хоҷагии ҷангал қариб 12% аҳолии қобили меҳнат банд аст. Дар иқтисодиёт гуруҳҳои молополистии «Мицубиси», «Мицуи», «Су-иитомо» ва ғ. ҳукмронанд. Дар қатори корхонаҳои азим корхонаҳои хурд бисьёранд (хусусан дар саноати сабук ва хурокворӣ). Иқтисодиёти Я. бештар ба воридоти ашьёи хом ва сузишворӣ вобаста аст. Саноати металлургия, мошинсозӣ, химия, сабук (аз ҷумла бофандагӣ) ва чубкорӣ хеле тараққӣ кардааст. Ҳунармандӣ (аз ҷумла бадеӣ) ниҳоят маъмул аст. Я. аз ҷиҳати киштисозӣ дар ҷаҳони капиталистӣ дар ҷои якум (қариб аз се як қисми киштисозии ҷаҳон, 1976), аз ҷиҳати истеҳсоли электротехника ва электроника, гудозиши пулод (105,3 млн т, 1985), истеҳсоли энергияи электрик (567 млрд кВт), истеҳсоли мошинҳои сабукрав ва мошинҳои боркаш (12,2 млн дона, 1985) дар ҷои дуюм, коркарди нефт, истеҳсоли цемент, пластмасса ва нахи синтезӣ дар ҷои сеюм меистад. 16% фонди замин дар х. қ. истифода бурда мешавад. Аз ҳама бештар ҳамвориҳои калон Каито (Токио), дар Хонсю, Исикари, дар Хоккайдо қариб пурра кишт карда мешаванд. Заминдории хурд ба аксарияти қитъаҳои замини кишт (то 1,5 га) хос аст. Қисми асосии маҳсулотро зироаткорӣ ташкил медиҳад. Ҳамагӣ тақр. 5,7 млн га замин кишт карда мешавад. Зироати асосӣ — июли (119 млн т., 1984). Сабзавоткорӣ, мевапарварӣ низ тараққӣ кардааст. Саршумори чорво (1984, ба ҳисоби млн cap): чорвои калони шохдор 4,7, хук 10,4; парранда —309205 ҳаз., кирмакдорӣ таназзул меёбад. Я. дар моҳидорӣ ва истихроҷи маҳсулоти баҳр (10,8 млн т, 1978) дар ҷаҳони капиталистӣ ҷои якумро ишғол мекунад. Тули р. о. 28 ҳаз. км (аз ин нимаш электриконида шудааст), роҳҳои автомобилгард — тақр. 240 ҳаз. км. Автопарк: тақр. 13 млн мошинҳои боркаш ва тақр. 23 млн мошинҳои сабукрав. Бандарҳои асосӣ: Кобе, Тиба, Йокохама, Нагоя, Осака, Кавасаки, Токио, Хакодате. Аз ҷиҳати ҳаҷми савдои берунӣ Я. дар ҷаҳони капиталистӣ ҷои 3-юмро ишғол мекунад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: (ШМА) 25,6% экспорт ва 18,4% импорт, (1979) ва мамлакатҳои Осиёи Шарқӣ ва (Ҷан. Шарқӣ. Дар экспорт маснуоти. тайёр афзалият дорад; импорт асосан аз сузишворӣ, ашьёи хом ва хурокворӣ иборат аст. Воҳиди пул — иена.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …