Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи ЯНЦЗЫ

Дарёи ЯНЦЗЫ

yanczi-river

ЯНЦЗЫ, Янцзыцзян, дарьёи Кабуд, калонтарин дарьёест дар Хитой ва Евросиё. Тулаш 5800 км, масоҳ. ҳавзааш 1808,5 ҳаз. км2. Сароби Я. аз куҳсори Тибет cap мешавад; қ-ҳои Сино-Тибет, хамии Сичуанро бурида мегузарад (поёнтар аз он се дараи чуқурро ба вуҷуд овардааст), ҳамвории Цаянхан ва ҳамвории Кабири Хитойро шодоб мегардонад; ба б. Шарқи Хитой мерезад; дар резишгоҳаш эстуарий ҳосил мекунад. Шохобҳои асосии Я. аз чап — Ялунцзян, Миньцзян, Цзя-линцзян, Ханьшуй. Дар водии Я. кулҳои Дунтинху, Поянху, Тайху воқеъанд. Сарфи миёнаи об 34 ҳаз. м3/СОН. Дар тобистон зуд-зуд обхезиҳо рӯй медиҳанд (барои муҳофизат аз обхезӣ 2,7 ҳаз. км банди об сохта шудааст). Дарьё дар масофаи 2850 км киштигард аст (роҳи асосии обии Хитой), бо канали Бузург пайваст мебошад. Манбаи калони гидроэнергетикӣ дорад. Дар соҳилҳои Я. ш-ҳои Чунцин, Ухань (ҷои саршавии киштигардии баҳрӣ), Нанкинн ва дар наздикии резишгоҳ бандари баҳрӣ — Шапхай воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …