Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Давлати ЯМАЙКА

Давлати ЯМАЙКА

yamayka

ЯМАЙКА, (Jamaica), давлатест дар Вест-Индия, дар хал. Ямайка. Ба Иттиҳоди Британияи Кабир дохил аст. Масоҳ. 11,5 дав. км3. Аҳолиаш 2,3 млн наф. (1983), асосан ямайкагиҳо (зангиҳо ва ақдишҳо).

Диндорон асосан протестантҳо. Пойтахташ ш. Кингстон. Аз ҷиҳата маъмурӣ ба 3 графӣ тақсим шудааст. Сардори давлат — маликаи Англия, намояндаи у дар Я. генерал-губернатор мебошад. Органи Олин қонунбарор — парламент.

Қисми зиёди ҷазираро пуштакуҳи оҳаксангӣ (баландиаш 500—1000 м) ишғол кардааст; дар шарқ куҳҳои Блу-Маунтин (баландиаш то 2256 м) воқеъ гаштаанд. Иқлим тропикии пассатист. Ҳарор. миёнаи моҳона 24— 27°С. Боришоти солона 800—5000 мм. Дар маркази ҷазира ва нишебиҳои шим. шарқии куҳҳо бешаҳои ҳамешасабзи тропикӣ мавҷуданд.

yamayka1

Дар замонҳои қадим сокинони ҷазира ҳиндиёни Америка буданд. С-ҳои 1494—1670 мулкп Испания буд. Дар натиҷаи сиёсати мустамликадории Испания аҳолии маҳаллӣ пурра қир шуд; с. 1513 аа Африка овардани ғуломон (барои кор дар плантацияҳо) оғоз ёфт. С. 1670 Я. мустамликаи Британияи Кабир шуд. Аз с-ҳои 70 а. 19 капитали ШМА ба иқтисодиёти Я. роҳ ёфт. С. 1959 Я. ҳуқуқи худидоракунии дохилиро ба даст даровард, аз с. 1962 мамлакати мустақил дар ҳайати Иттиҳоди Британияи Кабир аст. Аз с. 1975 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.

Асоси иқтисодиёти Я. истихроҷи боксит (7,7 млн т, 1983) ва истеҳсоли гилзамин (2 млн т оксиди алюминий, 1983) мебошад. Қисми зиёди боксит ба экспорт меравад, аз боқимондааш оксиди алюминий ҳосил мекунанд. Истихроҷи боксит ва истеҳсоли гилзаминро асосан монополияҳои ШМА назорат мекунанд. Саноати хурокворию адвиёт (қанд, ром, тамоку), саноати сабук низ тарақӣ кардааст. Корхонаҳои истихроҷи гаҷ, коркарди нефти импортӣ, вивели аппаратураи (аз ҷумла электронӣ), коркарди металл, истеҳсоли цемент, маҳсулоти химиявӣ, фармацевтӣ низ мавҷуданд.

Зироатҳои асосии х. қ. найшакар (ҷамъоварӣ 2460 ҳаз. т, 1982), банан (117 ҳаз. т.), растаниҳои цитрусӣ (65 ҳаз. т.), ананас (5 ҳаз. т.), қаҳва, какав, қаланфур, тамоку. Ҷуворимакка, шолӣ, маниок, батат, сабзавот низ кишт мекунанд. Чорводорӣ суст тараққӣ кардааст. Асосан гов, хук, буз мепарваранд.

Тули р. о. 356 км, роҳҳои автомобилгард 16,8 ҳаз. км (1982).

Воҳиди пул — доллари ямайкагӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …