Маълумоти охирин

ЯМАН

yemen-map

ЯМАН, кишварест, ки қисмҳои ҷан. ғарбӣ ва ҷанубии нимҷаз. Арабистонро дар бар мегирад. Ох. ҳазораи 2— ибт. ҳазораи 1 то м. дар Я. тамаддуни ба худ хосе ба ба миён омад, ки онро «тамаддуни Арабистони Ҷанубӣ» меноманд. Дар ҳамин давра давлатҳои Ҳазрамавт, Катабон, Сабаъ ва Маъин ба вуҷуд омаданд. Тақр. дар миёнаи ҳазораи 1 то м. давлати Сабаъ нуфузи калони сиёсӣ пайдо кард. Ибт. а. 4 м. тамоми ҳудуди Я. ба шоҳии Ҳимяриҳо муттаҳид шуд. Дар а. 7 сарзамини Я. ба ҳайати Хилофати исломии араб дохил гардид. Дар а. 10 дар қисми шимоли Я. фирқаи зайдияи шиа барқаpop шуд. Ибт. а. 16 туркҳои усмонӣ Я.-ро забт карданд, аммо с. 1633 дар ҳудуди Я. давлати мустақили имомати зайдия барпо гашт. Авв. с-ҳои 70 а. 19 Империяи Усмония Я.-и Шимолиро вилояти худ эълон кард. Аз с. 1839 cap карда Британияи Кабир дар Я.-и Ҷанубӣ ҳукмронии худро ҷорӣ кардан гирифт (Мустамликаи Адап ва протекторатҳои Адан). Дар рафти шуриши зидди усмонии с-ҳои 1904—11 Я.-и Шимоли мухторият ба даст овард ва с. 1918 шоҳии мустақил эълон кард. С. 1928 бо СССР шартнома баст. Дар натиҷаи революцияи зидди Ҳокимияти мутлақ 26 сент. 1962 дар Я.-и Шимолӣ — Республикаи Ямани Араб (РЯА, ниг. Яман, Республикаи Ямани Араб) эълон карда шуд. Муборизаи яроқноки озодихоҳии миллии халқҳои Адан ва протекторатҳои Адан, ки с. 1963 cap шуда буд, 30 нояб. 1967 бо эълон кардани Республикаи Халқии Ямани Ҷанубӣ анҷом ёфт (аз 30 нояб 1970 Республикаи Халқии Демократии Яман; ниг. Яман, Республикаи Халқии Демократии Яман).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …