Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ЯЛТА

Шаҳри ЯЛТА

ЯЛТА, шаҳр дар вил. Қрими РССУ, бандар ва курорт дар соҳили б. Сиёҳ. Дар нишебии ҷануби Силсилаи асосии куҳҳои Қрим, 79 км ҷанубтар аз ст. р. о. Симферополь воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 83 ҳаз. наф. (1981). Аз Я. то Симферополь троллейбус мегардад. Я. маркази курортҳои соҳилҳои ҷан. Қрим ва маркази калони туризм мебошад. Дар Я. музеи кишваршиносӣ, Хона-музеи А. П. Чехов, 2 театр, филармония, боғи ботаникии Никита ҳаст.

ualta

Я. аз с. 1146 бо номи Ҷалита маълум аст. Аз с. 1921 дар ҳайати РАСС Қрим, аз 1945 дар ҳайати вил. Қрими РСФСР ва аз 1964 дар ҳайати РССУ. 4—11 февр. 1945 дар Я. конференцияи сардорони давлатҳои СССР, ШМА ва Британияи Кабнр баргузор шуд, ки дар он планҳои ҳарбии иттифоқчиён ба мақсади торумори қатъии Германияи фашистӣ тасдиқ гардида, принцнпҳои асосии пойдории сулҳ ва системаи бехатарии байналхалқӣ муайян карда шуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …