Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУДАИ ХУРД – Ялпоқтеппа

ТУДАИ ХУРД – Ялпоқтеппа

ТУДАИ ХУРД, Ялпоқтеппа, қасабаи деҳқонони муқимӣ дар шимолу-ғарби Фарғона, 10 км ҷанубу-ғарбтари деҳаи Ашти вилояти Ленинобод. Ходимони сектори археологияи Институти таърихи АФ РСС Тоҷикистон Тудаи Хурдро чанд мавсим (солҳои 1959—1963, 1966—67) тадқиқ намуданд. Тудаи Хурд шаклан росткунҷаи баландиаш 2,5—3 м буда аз шимол ба ҷануб тул кашидааст. Ду давраи таърихии қасаба кушода шудааст. Аз давраи аввал осори иқоматгоҳ мондааст. Иқоматгоҳ дар болои асоси похсагини баландиаш 6 м воқеъ буда, қад-қадди девори ғарбӣ даромадгоҳи пағнагӣ дошт.
Аз ин қабат зарфҳои гуногуни дастисохт ва дастгоҳӣ, чархҳои сафолини дастии ресмонресӣ, дасгоҳҳон калони сангин ва пораи зарфе, ки он акси мӯҳри каргасмонанд дорад, ёфт шуд. Қабати поёни Тудаи Хурд тақрибан ба асрҳои 2—1 то мелод ва қабати болоӣ ба асрҳои 1—2 мансуб аст. Сохти бинои чандҳуҷраи қабати болоӣ ҷолиби диққат аст. Дар миёнаи он ду толори калони ҳамшафат ҷой гирафта, ҳар як толор бо ҳашт сутуни чӯбӣ ба се қисм ҷудо карда шудааст. Деворҳо асосан аз сангҳои ка лон сохта шудаанд. Дар қад-қадди девори тарафи ғарбӣ ва шарқӣ суфаҳои саҳнамонанд ҳастанд, ки аз хишти хоми калон сохтаанд. Дар миёнаи толорҳо оташдонҳои мудаввари начандон чуқур воқеанд. Бозёфтҳо асосан сафолианд. Манзараҳое, ки дар рӯи зарфҳо нақш ёфтаанд, хусусан галаи шерҳо ва оҳуи бидав, ҷолиб аст. Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …