Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯКУБОВСКИЙ Иван Игнатьевич

ЯКУБОВСКИЙ Иван Игнатьевич

yakubovskiy-i-i

ЯКУБОВСКИЙ Иван Игнатьевич (7. 1. 1912, деҳаи- Зайцеве, ҳоло р-ни Городи вил. Могилёв -—30. 11. 1976, Москва), ходими Ҳарбии советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1967), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (10. 1. 1944 ва 23. 9. 1944), Қаҳрамони РСҶС (1970). Аз оилаи деҳқони белорус. Аъзои КПСС аз с. 1937. Дар Армияи Советӣ аз с. 1932. Дар ҷанги советию финҳо (1939—40) иштирок намудааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) командири полки танки, ҷонишини командир ва командири бригадаи танки (июли 1941 — июни 1944), аз июни 1944 то охири ҷанг ҷонишини командири корпуси танкии гвардиягӣ. Иштирокчии муҳорибаҳои Сталинград ва Курск, дар озод намудани Украина, амалиётҳои Вис лаю Одер, Силезнял Поён, Берлин ва Прага иштирок кардааст. С-ҳои 1957—65 ҷонншини якуми Сарфармондеҳ ва Сарфармондеҳи Гуруҳи қушунҳои Советӣ дар Германия, с-ҳои 1965—67 фармондеҳи қушунҳои Округи ҳарбии Киев, ҷонишини якуми вазири мудофиаи СССР ва Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи муттаҳидаи давлатҳои иштироккунандаи Шартномаи Варшава буд. Депутати Советӣ Олии СССР (даъватҳои С—9). Аъзои КМ КПСС аз с. 1961. Бо 4 ордени Ленин, 4 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Суворов (дараҷаи 2) ва диг. ордену медалҳои СССР ва давлатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст. Дар Майдони Сурх дар девори Кремль маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …