Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯКУБОВСКИЙ Александр Юрьевич

ЯКУБОВСКИЙ Александр Юрьевич

yakubovskiy-a-yu

ЯКУБОВСКИЙ Александр Юрьевич (1. 2. 1886, Петербург—21. 3. 1953, Ленинград), бостоншинос, муаррих ва шарқшиноси советӣ. Аъзо-корр. АФ СССР (1943), акад. АФ РСС Тоҷ. (1951), Ходими Хизматнишондодаи  РСС Тоҷ. ва РСС  Узб., доктори илмҳои таърих (1935).

Фак-ти таъриху филологи Ун-ти Петербург (1913) ва фак-ти шарқшниосии Ув-ти Ленинградро (1924) хатм кардааст. Аз с. 1925 дар Академики давлатии таърихи маданияти моддӣ ва дар як вақт аз с. 1928 дар Эрмитажи давлатӣ кор кард. Аз с. 1935 проф. Ун-ти Ленинград. Аз с. 1945 то вафоташ роҳбари Экспедицияи археологии Суғду Тоҷикистон (дертар — Экспедицияи археологии Тоҷикистон) буд. Тадқиқоти Я. ба таърихи асрҳои миёнаи Осиёи Миёна, Кавказ, Олтинурда, Осиёи Пеш (Хилофати араб, Ироқ) оид аст. Дар як қатор асарҳояш масъалаҳои таърихи маданияти моддии халқҳои Осиёи Миёна, этногенези тоҷикон, узбекҳо, туркманҳо ва муборизаи синфӣ («Шуршии Торобӣ дар с. 1238», 1935; «Исьёни Муқаннаъ — ҳаракати сафедҷомагон», 1948) таҳқиқ шудаанд. Якчанд асари Я. ба ҳаёт ва фаъолияти Ибни Сино ва замони у оиданд. Тадқиқоти у доир ба санъати пайдоиши Панҷакенти Қадим шуҳрати калон дорад. Я. дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шарқшиносони машҳури русу советӣ мақолаю асарҳо таълиф намудааст. Лауреати Мукофоти давлатит СССР (1952).

Я. бо якчанд ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Ос.; Самарканд при Тимуре и Тимуридах, Л., 1933; Культура и искусство Востока в памятниках Эрмитажа, в. 1, Л., 1937: Золотая орда и ее падение (дамрохи Б. Д- Греков), М.—Л.. 1950; древний Пенджикент. Дар кит.: По следам древних культур, М., 1951.

Ад.; Негматов Н. Н., А. Ю. Якубовский и его вклад в развитие Науки в Таджикистане. Дар кит.: Памяти А. А. Семенова, Сборник статей по истории, археологии, этнографии и искусства Средней Азии, Д, 1980.

Н. н. Неъматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …