Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯЪҚУБИ ЧАРХӢ

ЯЪҚУБИ ЧАРХӢ

ЯЪҚУБИ ЧАРХӢ (с.тав. номаълум, Чарх, Афғонистон — 1446, Балағму, ҳозира деҳаи Гулистони p-ни Ленини РСС Тоҷ.), маъруфтарин намояндаи силсилаи нақшбандия. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш аз падараш гирифтааст. Сипас ба Ҳироту Миср рафта таҳсил намудааст. Аз Ҳирот ба Бухоро омада, ба муассисаи силсилаи Нақшбандия Хоҷа Баҳоуддин ҳамсуҳбат шуда ба ҳалқаи муридону муқаррабони ӯ дохил шудааст. Сипас мувофиқи дастури Хоҷа Баҳоуддин ба води Ҳисор омада, то охири ҳаёташ дар самти ҷан. Шарқии Душанбеи ҳозира зиндагӣ кард. Дар байни халқ ба номи Ҳазрати Мавлоно машҳур аст.

charxi

Ба қалами Я. Ч. як қатор асарҳо тааллуқ доранд, ки онҳо то имрӯз маҳфузанд. «Тафсири Мавлоно Яъқуби Чархӣ» (тафсири сураи аввал ва ду ҷузъи охири фургон); «Рисолаи нойия» (ба шарҳи муқаддимаи «Маснавӣ маънавӣ»-и Ҷалолудлини Балхӣ оид аст), «Рисолаи мухтасар дар исботи вуҷуди авлиё ва мародиби он» ва ғ.

Я. Ч. принципҳои асосии силсилаи нақшбандияро дар байни мардум тарғиабу ташвиқ мекард. У мисли диг. машоихи нақшбандия таълим медод, ки суфӣ бояд ботинан ба зикр ва ёди ҳақ буда, дар зоҳир аз ҷамъият ва мардум гушагирӣ накунад. Ба умеди таваккул ба зуҳду тақво напардохта, мояи зиндагии худро бо меҳнати ҳалол ба даст орад. Дар мақомот ва осори таърихии нақшбандия Я. Ч. ҳамчун марди заҳматкаш, кишоварз тасвир ёфта, асбоби зиндагиашро бо кору заҳмати ҳалоли худаш таъмин мекардааст. У муриду шогирдони зиёд дошт. Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор аз ҷумлаи он муридон буд.

А. Муҳаммадхоҷаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …