Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯЪҚУБ ИБНИ ЛАЙС

ЯЪҚУБ ИБНИ ЛАЙС

zabol_yaqub_leith-sq

ЯЪҚУБ ИБНИ ЛАЙС (с. тав. но-маълум —ваф. 879), асосгузори Давлати Саффориён. Я. дар ш. Карнини вил. Сиҷистон (Систон) таваллуд ёфтааст. Я. ҳамроҳи бародаронаш Амр, Тоҳир, Алӣ ва амакаш Касир ибни Ракон ба гуруҳи ғозиён, ки бар зидди аҷнабиёни сиҷистонӣ мубориза мебурданд, дохил шуд.

Баъди он ки ҳокимият дар Сиҷистон аз волии Тоҳириён ба сардори гуруҳи ғозиён — Дирҳам гузашт, Я. ҳокими Бусто шуд. Халифа Муътамад с. 874 Я.-ро ҳокими Хуросон, Табаристон, Бурҳон, Рай ва Форс аълон намуд. Я. ба Бағдод лашкар кашид, вале шикаст хурд. Баъди волии Хуросон ва вил-ҳои шарқӣ таъин шудани Муҳаммад ибни Тоҳир дар ихтиёри Я. танҳо ҷан. Эрон монд.

Ад.: Негматов Н. Н., Государство Саманидов, Ц., 1977.

А. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …