Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯКОВЛЕВ Александр Николаевич

ЯКОВЛЕВ Александр Николаевич

yakovlev-a-n

ЯКОВЛЕВ Александр Николаевич (тав. 2. 12. 1923, деҳаи Королевой р-ни Ярославль, вил. Ярославль), ходими партиявии советӣ. Аъзои КПСС аз с. 1944. Ин-ти давлатии педагогии Ярославль ба номи К. Ц. Ушинский (1946) ва АИЦ назди КМ КПСС (1960)-ро хатм намудааст. Доктори илмҳои таърих (1967), проф. (1969), аъзо-корр. АФ СССР (1984). Иштарокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Аз с. 1946 дар корҳои партиявӣ. С-ҳои 1953—56 ва 1960—73 дар аппарати КМ КПСС, сафирн СССР дар Канада (1973—83), директори Ин-ти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии АФ СССР_ (1983—85). Аз июли 1985 мудири шуъба ва аз марти 1986 котиби КМ КПСС. Аъзои Комиссияи марказии тафтишоти КПСС (1971-76), аъзои КМ КПСС (аз 1986). Номзад ба аъзои (аз янв. 1987), аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС (аз июни 1987). Депутати Совети Олии СССР (даъвати 11). Бо орденҳои Революцияи Октябрь, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои Дӯстии Халқҳо, Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …