Маълумоти охирин

ЯХМОС

yakhmos

ЯХМОС, як навъ хуриши сарди ширинест, ки аз маҳсулоти ширӣ (шир, қаймоқ, равған ва ғ.), қанд, мева, мураббо, шоколад, чормағз, бодом, тухми Mypғ, моддаҳои хушбӯй ва ғ. тайёр мекунанд. Я. хуштаъму cepғизо ва хушҳазм аст. Аксар навъҳои Я. моддаҳои ғизоии зарур (сафеда, равған, ангиштоб, намакҳои минералӣ ва витаминҳо) доранд. Я. дар байни тоҷикон аз қадимулайём маъмул аст. Ҳайрат гуфтааст:

Тапи дил паст нагардид зи яхмоси Рашид,

Хурдани роҳати ҷон ҳам таи сад тос кашид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …