Маълумоти охирин

ЯХДОН

yakhdon

ЯХДОН, 1) олати техникист, барои дар ҳарорати паст нигоҳ доштани хурокворӣ ва диг. маҳсулоти аудвайроншаванда. Я. хоҷаги ва саноатӣ мешавд.

Дар Я.-ҳои хонагӣ хунукӣ ва яхро бо тарзи сунъӣ ҳосил мекунанд. Онҳо вобаста ба навъи агрегатихунуккунӣ ба Я.-ҳои компрессионӣ, абсорбционӣ ва термоэлектрӣ (дар асоси истифодаи эффектӣ хунуккунии тепмоэлектрӣ) ҷудо мешаванд.

Вобаста ба таъинот ва вақти нигоҳдории маҳсулот чор хели Я.-ҳои хонагӣ мавҷуданд: барои маҳсулоти яхнакарда (камераи пастҳарорат надорад), кутоҳмуддат (чанд шаборӯз), миёнамуддат (то 2 ҳафта) ва дарозмуддат .(то 3 моҳ). ғаир аз он, нисбат ба сохташон Я.-ҷои собит (руи фарши, деворӣ ва ғ.) ва Я.-ҷои сайёр (асосан Я.-ҷои абсорбционӣ ва термоэлектрӣ); мувофиқи шумораи камераҳо Я.-ҷои як, ду ва секамера аз рӯи .Ҳарорати дохили камераҳо Я. Ҳои то —6*С (камера бо як ситорача ишора карда мешавад), то —12 С (бо ду ситорача) ва то —18°С (бо се ситорача) мавҷуданд. Дар Я.-ҳои мукаммал яхи буркунакро ба воситаи олати автоматӣ ё нимавтоматӣ об карда аз камера дур мекунанд. Я.-ҷои абсорбционӣ дар навбати худ вобаста ба манбан гармкунӣ электрӣ, газӣ, карасинй ва муштарак мешаванд. Я.-ҷои абсорбционии карасиниро бештар дар киштиҳо ва ба сифати аппарати сайёр истифода мебаранд.

Нахустин Я.-и компресслонӣ с. 1910 дар ШМА ва Я.-и абсорбционӣ с. 1925 дар Швеция сохта шуданд. Истеҳсоли Я.-и термоэлектрӣ дар нимаи дуюми с-ҳои 50 ба роҳ монда шуд. Дар СССР аввалин Я.-и компрессионӣ с. 1939 (ХТЗ-120), Я.-и абсорбционӣ с. 1945 («Гаэоахшарат») ва Я.-и термоэлектрӣ (намунаҳои таҷрибавӣ) с. 1951 пайдо шуданд. Ҳоло аксарияти Я.-ҷои хонагӣ компрессионӣ мебошанд. Истеҳсоли Я.-ҳои абсорбционӣ 5—10%-ро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон з-ди истеҳсоли Я.-ҳои хонагӣ с. 1965 ба кор cap кард. Аввалин маҳсулоти он Я.-и компрессионии КШ-160 модели «Помир» (ғунҷоиши камерааш 160 дм3) буд, ки нақшаи онро Бюрои конструкторию технологии махсус оид ба мошинсозӣ, ш. Душанбе кашидааст. Минбаъд завод Я.-ҳои навъи КШ-160 (модели «Помир-2», «Помир-4», «По-мир-7»)-ро истеҳсол намуд. Я.-и саноатӣ чун корхонаи мустақил аз амбори сардонӣ (платформаҳои автомобил ва ғ. о. дорад), шуъбаҳои мошинӣ ва конденсатории дастгоҳи сардонӣ (олати барои хунуккунии об), резервуарҷо, ст. насос (барои таъмини об), бинои маъмурию маищӣ ва ғ. иборат аст. Онҷо вобаста ба вазифаашон истеҳсолотӣ, тақсимотӣ (барои савдои яклухт, бандарӣ, тиҷоратӣ барои шабакаҳои савдо ва хуроки умумӣ) мешаванд; 2) сандуқи чармин, ки дар он асбобу анҷом нигоҳ медоранд.

Я.-ҷои саноатӣ вобаста ба ғунҷоиш ва шароити майдони сохтмон як ё бисьёрошьёна мешаванд. Одатан Я.-ҷои саноатие, ки ғунҷоишашон аз 10 ҳаз. т зиёд аст, бисьёрошьёна мебошанд.

В. Алодин.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …