Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ЯК ҚАДАМ ПЕШ, ДУ ҚАДAM АҚИБ» – китоби В. И. Ленин

«ЯК ҚАДАМ ПЕШ, ДУ ҚАДAM АҚИБ» – китоби В. И. Ленин

 «ЯК ҚАДАМ ПЕШ, ДУ ҚАДAM АҚИБ» (Кризис дар партияи мо)  китоби В. И. Ленин, ки дар он у таълимоти марксистиро дар бораи партияи пролетарӣ инкишоф дод, принципҳои ташкилии большевизмро кор карда баромад, аҳамияти сиёсии дар Съезди 2-юми партия ба болшевикон ва менышевикон ҷудо шудани РСДРП-ро муайян кард. Майи 1904 дар Женева нашр шудааст.

Дар вазъияти болоравии революция дар Россия ба тамоми аъзоёни партия фаҳмонда додани сабабҳои дар Съезди 2-юми РСДРП ба большевикон ва меньшевикнв ҷудо шудани партия ва муборизаи баъдисъездии большевизм бар зидди меньшевизм аҳамияти калон пайдо кард. Муваффақияти съезд дар барпо намудани партияи революционии пролетариат як қадам пеш буда, вале амалиёти ҷудоиандозии меньшевикон ду қадам ақиб буд. Номи асар ҳам аз ҳамин ҷост. Большевикон партияро сарвари синф медонистанд, меншевикон бошанд, партияро аз тамоми синф фарқ намекарданд.

В. И. Ленин таълим медод, ки партия натанҳо отряди пешқадам, балки отряди муташаккили синфи коргар низ мебошад. Вай маҳз роли худро ҳамчун отряди пешқадам дар сурате иҷро карда метавонад, ки дар отряди муттафиқ бо ягонагии ирода, бо ягонагии амалиёт ва бо ягонагии интизом муташаккил шуда бошад. Партия шакли олии ташкилоти синфии пролетариат аст.

Саросари асарро чунин фикри асосии В. И. Ленин фаро гирифтааст, ки ташкилот барои пролетариат аҳамияти ниҳоят калон дорад. Қувваи синфи коргар дар ташкилот аст. Бе ташкилот пролетариат ҳеҷ аст, таълим медод В. И. Ленин.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …