Маълумоти охирин

ЯГУАР

ЯГУАР (Panthera опса), як навъ ҷонвари ширхури даррандаро гуянд. Бино ба таснифоти зоологӣ мансуби оилаи гурбашлклҳост. Дарозии баданаш то 2 м, думаш то 75 см. балавдиаш одатан 80 см. Рангаш норинҷӣ буда, холҳои сиёҳ (бештар ҳалқашакл) дорад; баъзан пурра сиёҳ аст. Дар бешаҳои тропикию субтропикии Америкаи ҷанубӣ ва Марказӣ, Мексика, инчунин ҷан. ғарбии ШМА зиндагӣ мекунад. Асосан шабона фаъол аст. Я. чолокона ба дарахт мебарояд ва нагз шино мекунад. Ғизояш гавазн, тапир, маймун, хояндаҳо, инчунин моҳӣ, сангпушт аст; баъзан ба ҳайвоноти хонагӣ низ. ҳамла мекунад. Я. авг,— сент. ба гушн омада, 2—3 бача мезояд.

jaguar

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …