Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯГОНАИ НАСАФӢ

ЯГОНАИ НАСАФӢ

ЯГОНАИ НАСАФӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 17). Я. Н. дар доираи адабии Бухоро камол ёфт. Малеҳои Самарқандӣ ашъори Я. Н.-ро бисьёр матин ва афкорашро натиҷаи доноию хирадмандӣ гуфта, ба санъатн сухани у баҳои баланд додааст. Бино ба қавли у шеърҳои Я. Н. «аз матлаъ то мақтаъ ба бадоеи саноеъ музайян ва аз аввал то ба охир ба наводири мавзунӣ мулавван» будаанд. Я. Н. махсусан маснавӣ ва таъриху муамморо неку месурудааст. У қиссаи ишқии «Сайфулмулук ва Бадеъулкамол»-ро, ки дар байни мардум ба шакли наср машҳур буд, тақр. дар ҳаҷми 4000 байт бо камоли ҳунармандӣ ба риштаи назм кашидааст. Я. Н. инчунин илмҳои арӯзу қофияро хуб медонистааст. Ашъораш нам боқӣ мондаанд. Малеҳо дар тазктрааш аз як ғазали у ин се байтро намуна овардааст:

Аз ситамҳои ту гардид эътиқодам бештар,

Мешавад аз ноумедиҳо умедам бештар.

Мешавад қуфли дари мақсуди манн барбастатар.

То ба дасти сайъ меояд калидам бештар.

Кор ҳамчун ғунчаи ин боғ бар ман танг шуд,

Ҷайби тоқат бар тани худ то даридам бештар.

 

С. Саъдиев;

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …