Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЯГОНАГӢ ВА МУБОРИЗАИ ЗИДҲО

ЯГОНАГӢ ВА МУБОРИЗАИ ЗИДҲО

ЯГОНАГӢ ВА МУБОРИЗАИ ЗИДҲО, як қонуни асосии диалектикаро гуянд, ки манбаи ҳаракати фитрию инкишофи падидаҳои табиат ва воқеияти иҷтимоию таърихиро ифода намуда, қонуни умумии маърифат низ дониста мешавад. Қонуни Я. дар фалсафаи марксистӣ «ҷавҳари» диалектикаро ташкил медиҳад.

Аз файласуфони атиқа Афлотун диалектикаи Я.-ро нисбатан муфассал тадқиқ кардааст. Дар давраи Эҳё мутобиқати зидҳоро Николаи Кузани ва Ч,. Бруно инкишоф доданд. Дар замони нав И. Кант (антиномилҳо), И. Фихте (диалектика дар фаъолияти «Май») ва Г. Гегель таълимотро оид ба Я., ки яке аз заминаҳои муҳимтарини таърихи диалектикаи марксистӣ гардид, ба вуҷуд оварданд.

Дар фалсафаи ҳозираи буржуазӣ позитивистон зидҳоро аз қутбҳо ва муносибати зидҳоро аз пурра кардани якдигар иборат медонанд. Иррационалистон зидҳоро антиномияҳои принципан ҳалнашаванда мешуморанд ва реформистону ревизиовистони рост барои манфиатҳои созишкоронаи худ шуда, ба ҳам оштӣ додани онҳоро тарғиб мекунанд. Ревизиовистони чап бошанд, муборизаи зидҳоро ба дараҷаи мутлақ расонида, ба волюнтаризм дар сиёсат роҳ медиҳанд.

Фалсафаи марксистӣ ғояҳои диалектикаи фалсафаи гузаштаро аз мавқеи материализм инкишоф дода, дар навъ тафсири идеалистии диалектикаро рад мекунад ва Я.-ро қонуни муҳимтарини диалектикаи материалистӣ — таълимоти умумӣ оид ба инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур мешуморад. Мувофиқи таълимоти фалсафаи марксистӣ асоси ҳама гуна инкишофро зиддият — мубориза (баҳамтаъсиркунӣ) -и тарафҳо ва тамоюлҳои ҳамдигарро истиснокунанда ва дар айни ҳол дар ягонагии дохилӣ ва бо якдигар таъсиркунанда ташкил медиҳад. Ягонагии зидҳо нисбӣ ва муборизаи онҳо абсолютист; ягонагӣ ба марҳилаи ибтидоии инкишофи ихтилофот (ягонагии бевоситаи зидҳо, мустақилияти онҳо) далолат карда, мубориза зинаи олии инкишоф —ҳадди ниҳоии тезутундшавии тарафҳои зид, ҳалли зиддиятро ошкор менамояд, ки он боиси тағйироти сифатии объект ва пайдоиши ихтилофоти нав мегардад. Дар фалсафаи марксистӣ Я. Принципи асосии методологӣ мебошад. В. И. Ленин тадқиқи онро «…ҳамчун қонуни дониш (ва қонуни олами объективӣ) (Ас.,ҷ 36, с. 371) иқдоми муҳим мешуморад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …