Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯГЕЛЛО Иван Дионисьевич

ЯГЕЛЛО Иван Дионисьевич

yagello

ЯГЕЛЛО Иван Дионисьевич (1865, ш. Юрьев, руб. Лифляндия, ҳозира РСС Эст.— 31. 8. 1942, Москва), ходими ҳарбӣ, шарқшиноси рус. Аз оилаи баҳрнавард (штурман). Я. забонҳои англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ, форсӣ, урду ва пуштуро ба хубӣ аз худ кард. Вай солҳои зиёд дар Туркистон (Тошканд, Ашқобод) хизмат карда, ба офицерони рус аз забонҳои шарқӣ (форсӣ, урду ва ғ.) дарс мегуфт. Чанде дар Помир хизмати ҳарбиро идома дод. Вай дар ташкили мактабу маорифи ин ноҳия, ёрии тиббӣ расонида ба аҳолӣ амалан ва тавассути мақолаҳо мадад расонидааст. Я. пас аз Рев. Октябрь ба хидмати Армияи Сурх камар баст. Вай то охири умр ба тарҷума ва таълифи мақолаву рисолаҳо машғул шудааст.

Я. ҳангоми кору тадрис якчанд луғату дастурҳои таълимӣ («Маълумот оид ба кшпварҳои ҳамсарҳади округи Туркистон», 1906; «Грамматикаи забони форсӣ», 1922 ва ғ.) таълиф намудааст. Ба қалами у инчунин якчанд луғатҳои урду-русӣ, форсӣ-русӣ, русӣ-форсӣ тааллуқ доранд, ки муҳимтаринашон «Фарҳанги мукаммали форсӣ-арабӣ-русӣ» мебошад. Асарҳои лексикографии Я. материали забони зиндаи гуфтугуиро дар бар гирифта, аҳамияти амалӣ доштанд ва барои тартиб додани фарҳангҳои дигар ҳамчун сарчашма хизмат кардаанд.

В. Капранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …