Маълумоти охирин

ЯДРОЧА

ЯДРОЧА, нуклеол, як навъ қисмаки хурдро гуянд, ки дар дохили ядрои организмҳои зукариотӣ мавҷуд аст. Я. асосан аз рибонуклеопротеидҳо (РНП) иборат мебошад. Миқдори Я. 1—3, баъзан якчандто-, мас., дар ядрои амёба, решапойҳои гушмоҳидор, тухмҳуҷайраи баъзе ҷонварони муҳрадор (ба ном Я.-ҳонканорӣ) аст. Я. баъзан аз ду қисми гуногунранг иборат аст. Морфелогияи Я. ба вазъи функционалии ҳуҷайра вобаста мебошад. Я. и торҳои дохилиядрочагии хроматин (кислотаи дезоксирибонуклеат -КДН дорад), зонаи фибриллаҳо худ нахчаҳои РНП (ғафсиаш 5— 10 нм) ва зонаи гранулаҳо 8 худ доначаҳои РНП (андозааш 15—20 нм) иборат аст. Дар генҳои хpoматини дохили Я. молекулаҳои кислотаи рибонуклеат (КРН)-и торибосомӣ синтез мешаванд. Ин молекулаҳо баъд ба молекулаҳои КРН (бо сафедаҳо пайваст шуда, доначаҳо ҳосил мекунанд) таҷзия мешаванд.

yadrocha

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …