Маълумоти охирин

ЯДРО

ЯДРО, ҳаста, дар биология қисми ҳаётан муҳимми ҳунайрии наботот ва ҳайвонотро гуянд. Вобаста ба мавҷуд будан ё на будани Я. дар ҳуҷайра ҳамаи организмҳо ба зукариотҳо ва прокариотҳо тақсим мешаванд. Аҳамияти Я. мисли цитоплазма барои ҳуҷайра калон аст. Дар Я. молекулаҳое ҳосил мешаванд, ки ахбори генетикиро дар цитоплазма ба маркази синтези сафеда меоранд. Я.-ро бори нахуст с. 1825 олими чех Я. Пуркяне дар тухмҳуҷайраи мурғ мушоҳида кардааст. Я.-и ҳуҷайраи растаниро олими англис Р. Броун (1831—33) ва Я.-и ҳуҷайраи ҳайвонро олими немис Т. Шванн (1838—30) тавсиф намуданд.

yadro

Ҳуҷайра одатан як Я. дорад, ки курамонанд, мудаввар ё барҷаста аст. Шакли Я. баъзан мураккаб (лаълмонанд, шохаронда ва ғ.; мас., Я.-и лейкоцитҳо) низ мешавад.- Баъзе ҳуҷайраҳо ду ё якчанд Я. доранд. Чунин ҳуҷайраҳо дар натиҷаи тақсим нашудани цитоплазма ва тақсим шудани Я. ё омехта гаштани якчанд ҳуҷайраи як ядроӣ ба вуҷуд меоянд. Андозаи Я. аз 1 мкм (дар баъзе соддатаринҳо) то ~ 1 мм (баъзе ҳуҷайратухмҳо) аст. Я. аз цитоплазма бо ҷилди ядро (аз ду қабат парда иборат аст) ҷудо мешавад. Пардаи берун ин ҷилди Я. одатан шомили рибосомаҳо буда, ҷо-ҷо ба шабакаи эндоплазмавӣ як мегардад. Тавассути масомаҳои ҷилди Я. байни Я. ва цитоплазма мубодилаи модда ба амал меояд. Таркиби химиявии Я. мураккаб аст. Дар таркиби Я. шираи ядро (карполимфа, кариоплазма), хроматин, хромосомаҳо, ядроча ва ғ. мавҷуданд. Ҳаёти ҳуҷайра аз ду давраи асосӣ — интерфаза (ё давраи мубодилаи моддаҳо) ва митоз (ё давраи тақсимшавӣ) иборат аст. Я. дар давраи ннтерфаза ором буда, дар синтези сафеда, хроматин (комплекси КДН бо сафеда) танзими шаклпайдошавӣ ва ғ. иштирок мекунад. Дар давраи тақсимшавӣ бошад, дар Я. тағйироте руй медиҳад, ки он боиси азнавтақсимшавии хромосома ва бавуҷудоии Д.-и духтарӣ мегардад. Я. фақат бо роҳи тақсимшавӣ меафзояд, ки дар натиҷа худи ҳуҷайра низ тақсим мешавад. Одатан ду навъи тақсимшавии Я. (амитоз ва митоз) ҳаст. Баъзе Я.-ҳо ба якчанд қисм тақсим мешаванд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …