Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЯБЛОЧКОВ Павел Николаевич

ЯБЛОЧКОВ Павел Николаевич

yablochkov

ЯБЛОЧКОВ Павел Николаевич (14. 9. 1847, деҳаи Жадовка, губ. Саратов —31. 3.1894, Саратов), электротехник, ихтироъкори рус. Я. соли 1875 шамъи электрӣ—модели нахусти лампаи камонии берегуляторро coхт. С. 1879 «Ширкати чароғи электрикии П. Н. Яблочков — ихтироъкор ва К» ва з-ди электромеханикаро дар Петербург ташкил кард, ки дар як қатор киштиҳои ҳарбӣ, з-ди Охта ва ғ. дастгоҳҳои рушноидиҳанда сохтаанд. Дар нимаи дуюми с-ҳои 80 Я. асосан бо масъалаҳои истеҳсоли энергияи электрӣ машғул шуд. Бо медали Ҷамъияти техникҳои рус мукофотонида шудааст. С. 1947 мукофоти ба номи Я. таъсис гардид, ки дар зарфи 3 сол як маротиба барои кори беҳтарини соҳаи электротехника дода мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …