Маълумоти охирин
Главная / Илм / Хусусиятҳои биологии одам

Хусусиятҳои биологии одам

Хусусиятҳои биологии одам. Ор­ганизми одам аз бисёр ҷиҳат ба организми ҳайвоноти мӯҳрадор ва махсусан ширхӯр монанд аст. Аз ҷумла чун ҳайвонҳои мӯҳрадор, асо­си скелета Одамро сутунмӯҳра ташкил медиҳад. Одам ду даст ва ду пой, сис­темаи сарбастаи дилу paг, системаи асаби найчагӣ дорад.

Бадани Одам аз рӯи принсипҳои симметриям дутарафа сохта шуда, аломатҳои метамерияеро зоҳир менамояд, ки ба ҳамаи ҳайвонҳои мӯҳрадор хос аст. Чун намояндаи синфи ширхурҳо Одам ҷиҳатҳои хосеро дорост: пӯсти ӯ сохти махсус дорад, қишр ё дермаи пӯст хеле нағз тараққӣ кардааст, ба миқдори зиёд ғадудҳои равғану арақҷудокунй, инчунин мӯй дорад, ҳарорати баданаш якхелу доимист, ба воситаи шуш нафас мекашад, сохти дилаш чоркамерагист, эритроситҳояш ядро надоранд, кӯдакро макконида калон мекунад.

Системаи асаб ва узвҳои ҳисси ҳамаи ширхӯрҳо нагз инкишоф ёф­таанд. Ин буд, ки онҳо зинда монданд ва минбаъд тараққӣ карданд.

Одам бошад, аз сабаби нағз тараққӣ кардан ва дифференсиация шудани қишри мағзи сараш нисбат ба дигар ширхӯрҳо дида хеле пеш рафтааст. Рост будани қомат ва рост гаштан, барои тайёр намудан ва истифода бурдани олоти меҳнат холӣ будани даст, ба ҳадди олӣ тараққӣ кардани воситаҳои робитаю муносибати байниҳамдигарӣ ва баъзе ҷиҳатҳои сохти дандону ҷоғҳо, ғадуд ва ди­гар узвҳои хӯрокҳазмкунӣ аз хислатҳои хоси анатомию физиологии Одам мебошанд.

Аз бозе, ки истифода бурдани даст ҳамчун воситаи такя ва роҳгардӣ бас шуд, скелети по ва мушакҳои он хеле тараққӣ карданд. Ба туфайли рост шудани қомат устухони кос васеъ ва бақувват гашт; ҳамаи узвҳои дарунӣ ба рост роҳ гащтан мувофиқ шуданд; системаи гардиши хун мураккабтар гардид. Ба дараҷаи баланд инкишоф ёфтани мушакҳою узвқои овоз боиси ба вуҷуд омадани нутқ гардид, ки он ҳамчун воситаи муносибати байниҳамдигарӣ фақат ба Одам хос аст.

Мағзи сари Одам аз мағаи сари го­рилла се маротиба вазнинтар мебошад ва ҳол он ки худи горилла назар ба Одам се баробар калон аст. Ба туфайли ба дараҷаи баланд ташаккул ёфтани системаи асаб Одам барои инкишофи минбаъда ва беинтиҳои ақлу идрокаш замина дорад.

Ҳамаи одамони ҳозира ба як намуд (Homo sppiens) мансуб буда, ба якчанд нажоди асосӣ тақсим мешаванд. Аломати асосии Homo sapiens бархилофи ақидаи иртиҷоии нажодпарастон барои ҳамаи одамон якхел аст. До­ир ба замон ва макони пайдоиши нажодҳо якчанд фарзия вуҷуд до­рад: мувофиқи баъзе аз онҳо нажод дар як мавзеи таърихӣ пайдо шуда­аст.

Аз рӯи фарзили дигар бошад, аз 2 то 4—5 чунин маваеъҳо вуҷуд доштанд. Дар давраҳои палеолит ва мезолит ба ҳар 3 километр2 базур як нафар Одам рост меомад. Дар давраи не­олит ин миқдор тақрибан 10 маротиба афзуд. Солҳои 1000 аҳолии рӯи Замин ба 275 миллион, солҳои 1500 ба 450 миллион ва солҳои 1600 ба 500 миллион расид. Солҳои 1800 вай 1 миллиард ва соли 1980 аз 4 миллиард ҳам гузашт.

Эҳтимол гоминидхо дар ноҳияҳои тропикӣ ташаккул ёфта бошанд.

Дар оянда бошад, Одам макони зисти худро васеъ намуда, дар чӯлу биёбон, қутбҳо ва кӯхистон сокин гар­дид. Бо вуҷуди он қисми зиёди ода­мони ҳозира дар ҷангалҳои тропикӣ ва ноҳияҳои иқлимашон мӯътадил сокинанд.

Яке аз ҷихатҳои хоси муносибати Одам бо муҳит шакли комилан на­ви мутобиқшавиест, ки дар ҷараёни он ҳам муҳит ва ҳам муносибати худи одамон тағйир меёбад. Ин про­сесс бе дигаршавии ташкилаи морфофунксионалии Одам ба амал меояд. Дар натиҷаи муддати дуру дароз ба табиат таъсир намудани Одам муҳити нав — «муҳити маснӯъ»-е бунёл гардид, ки дар навбати худ ба тарафҳои гуногуни ҳаёти Одам таъсир мерасонад.

Ин просесс хусусан дар шароити инқилоби илмию техникӣ вобаста бо индустриализасияи мин­баъда, афзудани ҳаҷму миқдори шаҳрҳо ва ташаккули экосистемаҳои маснӯъ ва муҳит аз миёнаи асри 20 cap карда ба яке аз масъалаҳои муҳимми замона табдил ёфт ва про­блемаи комилан нав — проблемаи «Одам ва биосфера»-ро пеш овард.

Самти диморфизми ҷинсӣ (гуногунии аломатҳои марду зан), биоморфизм ва ташаккули ҷанин дар ҳамаи гурӯҳҳои нажоди Homo sapi­ens якхела аст. Тафовути ҷинсӣ аз худи таваллуд cap карда зоҳир мегардад. Аз ҷиҳати морфологӣ димор­физми ҷинсӣ дар ҷусса, таносуби аркон (масалан, нисбатан васеътар бу­дани коси занҳо ва баръакс васеъ­тар будани китфи мардон), суръати инкишофи баъзе қисмҳои бадан масалан, тезтар инкишоф ёфтани қабати равғани зери пусти занҳо ва мушаку устухони мардон), хусусиятҳои микроструктура (диаметри торҳои мушак, андоза ва миқдори умумии ҳучайраҳои равған ва ғайра), инчунин баъзе ҷиҳатҳои гиетохимиявӣ аниқ намудор мешавад. Ба ғайр аз ин тафовути ҷинсӣ дар бисьёр аломатҳои физиологӣ ва биохимиявӣ низ зоҳир мегардад.

Ҷидатҳои хоси инкишофи фардии Одам он аст, ки дар овони кудакӣ нисбатан суст месабзад ва дар давраи балоғат сабзиши ӯ суръат мегирад. Баъзе маймунҳо, масалан, шимпанзе низ ба ҳамип тариқ инкишоф меёбанд, вале дар онҳо фосилаи байни давраҳои кӯдакӣ ва балоғат нисбатан кӯтоҳ мебошанд. Бинобар ин чунин қонунияти сабзишро ба марҳилаи муайяни таҳаввули приматҳо ва хусусан гоминидҳо хос шуморидан мумкин аст, ки дар ташаккули онҳо дароз шудани давраи тарбияи фардҳои ҷавон мақоми калон дошт.

Чунин навъи сабзиш ба ода­ми ҳозира низ хос мебошад, ҳарчанд ки суръати инкишофи ину он гурӯҳи одамон ва махсусан фардҳои ҷудогона мумкин аст ба ин қонуният чандон рост наояд. Ба сифати меъёри синни биологӣ озмоишҳои гуногуни морфологӣ, физиологӣ, биохимиявӣ аз ҷумла озмоишҳое, ки дараҷаи инкишофи скелет («синни скелетӣ»), системаи дандонҳо («син­ни дандонбарорӣ») инкишофи ҷинсӣ, статуси гормонӣ, баъзе нишонаҳои фаъолияти олии асаб (онҳо ба синну сол вобастаанд), инчунин системаҳои дилу paг, мушак ва ӯайраро истифода мебаранд.

Ҳамаи ин нишонаҳо тақрибан дар як вақт вобаста ба якдигар пасу пеш тағйир ёф- та, барои аз қад тез ё суст шудани инкишофи организм сабаб шуда метавонанд. Ба суръати инкишоф ва аз он ҷумла синни биологӣ омилҳои бисёре, ба монанди омилҳои ирсӣ, иҷтимоию маишӣ ва ғайра таъсир мерасонанд.

Чунончӣ дар зимни муоинаи дугоникҳо муқаррар карда шудааст, ки дар муайян кардани синни скелету дандон, миқдори секре­сияи ҷинсӣ, синни ҳайзи аввалин ва ғайра омилҳои ирсӣ мақоми калон доранд. Аз ҳад тез шудани ҷараёни инкишоф ва афзудани тану ҷусса барин ҳодисоте, ки дар тӯли садсолаи охир дар бисёр мамлакатҳо мушоҳида мешавад, як навъ инҳирофи микроэволюсияе мебошад, ки дар ҳудуди таҳаввули таърихии Ho­mo sapiens ифода мешавад ва шояд аз ин пеш ҳам вуҷуд дошта бошад.

Ҳамаи ин тағйирот дар маҳалхои гуногун ва давраҳои гуногуни таҳхаввули одамизот бо суръати ҳархела содир гаштаанд. Чунин ҳодисаҳои микроэволюсионӣ шояд сабабҳои генетикӣ дошта, дар натиҷаи омехташавии нажодҳои гуногуни Одам, тағйирёбии басомади генҳо ва монанди инҳо ба амал меоянд, ҳар чанд, ки пайдоиши онхо ба як қатор омилҳои дигар, аз чумла омил- ҳои иҷтимоию иқтисодӣ низ вобастааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …